ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ин тадбирҳо ба беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисоди миллӣ мусоидат карданд.
Самарабахшии ҳама гуна сиёсати иқтисодӣ дар буҷети давлатӣ таҷассум меёбад. Афзоиши босуръати буҷети давлатӣ тайи солҳои охир баёнгари он аст, ки роҳи пешгирифтаи мо, роҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси муаззами он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти номбурда дурусту оқилона будааст. Аз соли 2000-ум сар карда, то соли 2012 дар маҷмуъ он ҳамасола 37 дарсад боло рафтааст.
Афзоиши бахши даромади буҷет имкон додааст, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар кишвар, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, маошу нафақа, дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандони ниёзманд, ки ҳамеша аз ҷумлаи афзалиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, зиёд карда шавад, имкониятҳои рушд, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва пешниҳоди ҷойҳои нави корӣ бештар гарданд. Ин тамоюл дар панҷсолаи гузашта низ нигоҳ дошта шудааст. Ҳаҷми буҷети иҷтимоӣ, масалан соли 2011-52,4, соли 2012-50, соли 2014 54,2 дарсади андозаи умумии хароҷоти буҷетро ташкил додааст.
Ин имкон дод, ки давоми солҳои 2010-2015 ҳадди маоши кормандони соҳаҳои буҷет, нафақаву стипендия ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ то 2,5 - 3 баробар зиёд карда шавад. Дар давраи номбурда, ҳамчунин, таваҷҷуҳ ба истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ афзун гардида, бо мақсади пурзўр намудани назорат дар ҳайати Ҳукумат Палатаи ҳисоб таъсис ёфт ва ба хотири таъмини шаффофият кор дар самти ҷорӣ намудани низоми электронии харидҳои давлатӣ, мубодилаи электронии маълумот миёни мақомот вусъат гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё