Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳизб таҳкими сиёсати хориҷиро дар бахши ҳимоят аз амнияти миллӣ ва амну суботи дохилӣ муҳим арзёбӣ мекунад. Бинобар ҳамин вазифаи аввалиндараҷаи мо таҳкими ҳамгироӣ бо шарикони боэътимоди деринамон ва иштироки фаъол дар равандҳои таъмини амнияти дастаҷамъӣ мебошад.
Ҷанбаи дигар ҳамкориҳои иқтисодӣ ба хотири рушди босуботи кишвар аст. Дар маҷмуъ, сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд минбаъд чун таҷассумгари ормонҳои ҷомеаи кишвар ва табиати сулҳҷўёнаи мардуми тоҷик хусусияти фаъоли хешро нигоҳ дорад.

ВАЗИФАҲОИ НАВБАТИИ СИЁСАТИ
ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ
Татбиқи сиёсати иҷтимоӣ самти дигари муҳим дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Мо дар давраи минбаъда таҷдид ва навсозии инфрасохтори шаҳраку деҳот, ташаккули раванди ҳамкории байни кордиҳандагон ва муассисаҳои ибтидоии касбӣ, ҷалби аҳолӣ ба барномаҳои омўзишии касбӣ, таъмини ҳамгироӣ дар барномаҳои таҳсилоти касбӣ, зиёд кардани курсҳои кўтоҳмуддати касбиро вазифаи давлатиамон мешуморем. Занону ҷавонон дар сиёсати давлатӣ бояд дастгирии ҳамаҷониба дошта бошанд.
Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами ҷомеаамон ҳастанд. Бинобар ҳамин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақвияти корро дар самти муҳайё кардани ҷойҳои корию паст намудани ҳаҷми муҳоҷирати меҳнатӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибҳунар барои бозори кори давлатҳои хориҷа, мутобиқсозии қонунҳои амалкунандаи мо доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо қонунгузории кишварҳои хориҷа, ба роҳ мондани суғуртаи иҷтимоии муҳоҷирон зарур мешуморад.

пешина
аз 601
навбатӣ