Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар соҳаи тандурустӣ мо такмили низоми идоракунии соҳа, рақобати солими бахшҳои давлатию хусусии ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нави соҳа ва тақвияти низоми омодасозии кадрҳои тиббиро муҳим арзёбӣ мекунем.
Дар ҳалли мушкилоти соҳа бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ ва таҷдиди иншооти мавҷуда, ба меъёрҳои ҳозиразамон мутобиқ сохтани онҳо, тибби оилавӣ ва тадбирҳои дигари ба талабот ҷавобгў аҳамияти хос доранд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботӣ ба рушди илм, маориф ва фарҳанг боби алоҳида ҷудо кардааст. Ин аз ниёзмандиҳои давлат ва ҷомеаамон бармеояд, ки рушди ин соҳаҳои афзалиятнок ояндаи ободу осудаи моро таъмин месозад.
Татбиқи давра ба давраи дастовардҳои илмӣ, омода намудани заминаҳои моддиву техникии таҳқиқоти илмӣ, тарбияи кадрҳои болаёқати соҳаҳои гуногуни таҳқиқот, ҳамкории бахшҳои илму маориф ба иҷрои ҳадафҳои пешгузоштаи ҳизб нисбати рушди илми мо мусоидат мекунанд. Ҳизб дар барномаи пешазинтихоботии хеш вобаста ба ин ҳамоҳанг сохтани фаъолияти пажуҳишгоҳҳои гуногуни илмӣ, ба роҳ мондани фармоишҳои давлатӣ ва ҳамкорӣ бо корхонаҳои азим, таъсиси шабакаи ягонаи иртиботию иттилоотӣ дар бахши илму инноватсия, ҷудо кардани грантҳои давлатӣ ба олимони ҷавон барои таҳқиқоти инноватсионӣ, вусъати таҳқиқоти проблемаҳои муосири ҷомеашиносӣ барин вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштааст.
Маорифро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таври маълум, самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат ҳисоб мекунад.

пешина
аз 601
навбатӣ