ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар нақшаи кории Ҳукумати мамлакат таҳияи Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоя қарор дорад, ки дар он ба бахши иқтисодиёт аз қабили гидроэнергетика, саноати маъдан, саноати сабук, соҳаҳои истеҳсоли маводи ғизоӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи захираҳои қаъри замин, туризм ва монанди инҳо эътибори махсус дода мешавад.
Бахши соҳибкории мамлакат яке аз манбаъҳои умдаи сармоягузорӣ ба рушди иқтисодамон, воситаи муҳайё гардондани ҷойҳои нави корӣ, сарчашмаи ғановати буҷет ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардумамон ба шумор меравад. Ба ҳамин хотир аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи гузашта тавассути намояндагонаш дар парламент ва ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои ба миёнгузоштаи хешро ҷиҳати тақвияти мавқеи ин соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ дар ҳаёти кишвар собитқадамона амалӣ гардонд.
Танҳо соли 2011 соҳибкорон 1000 иншооти иқтисодию иҷтимоӣ бунёд кардаанд, ки 100-тои онҳо корхонаҳои саноатӣ бо 12 ҳазор ҷои нави кор мебошанд. Солҳои 2010 ва 2014 мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон баргузор гардида буданд, ки натиҷаҳои онҳо ба рафъи бисёр мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа мусоидат карда, роҳро ба фаъолияти озодонаи бахши хусусӣ доир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар боз ҳам фарохтар сохтанд.
Мораторийҳои чандинбораи аз ҷониби Президенти мамлакат муқаррар гардида доир ба манъи сесолаи санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони хурду миёна ва соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷониби мақомоти назоратии давлат ба иҷрои ҳамин ҳадафҳо равона гардида буданд. Сиёсати пешгирифта ва амалкарди Ҳукумати мамлакат дар беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби созмонҳои муътабари байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, Тоҷикистон ду сол паи ҳам ба қатори беҳтарин давлатҳои ислоҳотгар шомил карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё