ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар ин рўйхат касоне низ ҳастанд, ки дар донишгоҳҳои муътабари хориҷ аз кишвар маълумоту ихтисос гирифтаанд.
Мо азм дорем, ки нияту мақсадҳои дар барномаи пешазинтитхоботӣ ба нақшагирифтаамонро бо сарпарастию ҳидояти Раиси ҳизбамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо такя ба вакилони интихобшудаамон ва бо истифода аз ҷонибдории дилгармонаи тамоми мардуми шарифи кишвар амалӣ гардонем.
Боқӣ, интихоб аз ҳамватанони азиз аст ва мо ба онҳо эътимоду боварии комил дорем, ки ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз медиҳанд.
Фаъолияти ҳукумат дар самти сиёсати минтақавӣ вусъати тоза пайдо карда, ба рушди ҳамаҷониба ва ободонии шаҳру ноҳияҳои кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таҳкими имкониятҳои дохилии онҳо эътибори ҷиддӣ дода шуда истодааст. Дар ин давра барои рушд ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ сармояҳои гуногун равона гардида, таҳияву қабул ва амалисозии барномаҳои алоҳидаи рушди шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуд.
Албатта, заминаи ҳама гуна рушд, чи дар соҳаҳои иқтисодӣ ва чи дар бахши иҷтимоӣ, сармоя аст. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар тўли солҳои гузашта барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва муҳайё намудани шароити созгори ҳуқуқии ҷалби сармояи дохилӣ, маблағҳои соҳибкорони ватанӣ ва сармояи хориҷӣ ба рушди соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ як силсила иқдомоти муассирро роҳандозӣ намуд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки сармоягузорӣ ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёт сол ба сол зиёд мешавад. Фақат соли 2010 оид ба татбиқи 27 лоиҳаи нави сармоягузорӣ созишнома ба имзо расида, ба татбиқи онҳо 2,5 миллиард сомонӣ ҷалб гардидааст. Давоми солҳои 2012-2014 бошад, беш аз 100 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ бо маблағи умумии 13 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё