ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бо ин мақсад ҳизб беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ, иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ, таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, таъмини микроиқтисодӣ ва сиёсати рушди соҳавии иқтисодиёт, пешгирии таъсири омилҳои манфии беруна, ҷорӣ намудани механизми гузариши иқтисодиёт аз зинаи аграриву индустриалӣ ба зинаи индустриалию аграрӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, замин ва дигар василаҳои амсоли инҳоро зарур мешуморад.
ДУЮМ. Рушди комплекси энергетикӣ ҳамчун омили бунёдии рушди устувори иқтисодӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ тавассути бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду миёна, таҷдиди иқтидорҳои мавҷудаи энергетикаи обӣ, зиёд кардани сармоягузории соҳа, амалӣ кардани лоиҳаҳои бунёди хатҳои интиқоли нерўи барқ, таъмини рушди комплекси энергетикию сўзишворӣ тавассути афзун намудан ва ба роҳ мондани истифодаи манбаъҳои дигари энергия-ангишт ва нафту гази ватанӣ, бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат.
СЕЮМ. Таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар, таҳияи барномаҳои пешрафти шаҳру ноҳияҳо, таҳкими фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои нави ташаккули буҷети ҷамоатҳо, таъмини худкифоии буҷети шаҳру ноҳияҳо, фароҳам овардани шароит ба рушди иқтисодиёти деҳот зимни тавсеаи корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар онҳо.
ЧОРУМ. Сиёсати самараноки молиявӣ, истифодаи буҷети давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими танзими нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, назорати истифодаи мақсадноки хароҷоти давлатӣ, афзун намудани даромади буҷет тавассути такмили низоми андозбандӣ, таъмини устувории қурби асъори миллӣ, тақвияти фаъолияти низоми бонкӣ, ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои нигоҳдории пасандозҳояшон дар бонкҳо, рушди бозори молиявӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё