ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
ПАНҶУМ. Рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, идомаи тадбирҷўиҳо барои таҳкими фазои сармоягузорӣ, чорабиниҳои ҳавасмандгардонӣ барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорие, ки истифодаи технологияҳои замонавӣ ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазирро пешбинӣ кардаанд, рушди бахши хусусӣ ва ташаккули табақаи миёнаҳол, соҳибкории истеҳсолӣ дар заминаи коркарди ашёи хоми ватанӣ, тақвияти ҳимоя аз ҳуқуқҳои соҳибкорон, ислоҳот дар низоми санҷишу иҷозатдиҳиҳо, таъмини шаффофият ва самарабахшӣ дар ҷудокунии маблағ тавассути фонди дастгирии соҳибкорӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ.
ШАШУМ. Пешрафти минбаъдаи инфрасохтори нақлиётӣ, бунёди хатҳои нави роҳи оҳан, таҷдиду барқарорсозии саривақтии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳое, ки имконоти транзитии кишварро зиёд мекунанд, ташкилу рушди марказҳои нақлиётию хизматрасонӣ, идомаи ислоҳот дар соҳаи нақлиёт.
ҲАФТУМ. Беҳбудӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд, таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ, суръат бахшидан ба раванди татбиқи барномаи «Ҳукумати электронӣ», таъмини идораи самараноки амволи давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ба хизмати давлатӣ.
Душанбе, феврали с. 2015

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё