Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Кишоварзӣ
Аз аввал хондан- эскизи муҳр ва штампи кунҷӣ;
- варақаи шахсӣ бо сурат ба роҳбар.
- Гирифтани иҷозатнома аз УКД барои тайёр кардани муҳр ва штампи кунҷӣ аз рўи эскиз:
- мактуб-иҷозатнома аз ҳукумат барои тайёр кардани муҳр;
- эскизи муҳр ва штампи кунҷӣ.
- Дар матбаа тайёр кардани муҳр ва штампи кунҷӣ.
- Суратҳисоб кушодан:
- карточкаи идораи омори шаҳру ноҳия;
- нусхаи оиннома ва шартномаи муассисӣ (дар идораи нотариали тасдиқ карда шуда);
- фармон оид ба таъиноти роҳбар ва сармуҳосиб.
- Бақайдгузорӣ дар нозироти андози давлатӣ:
- қарори ҳукумат (нусха);
- нусхаи оиннома ва шартномаи муассисӣ (дар идораи нотариали тасдиқ карда шуда);
- карточкаи идораи омори шаҳру ноҳия (нусха);
- протоколи маҷлис.
- Дар фонди ҳифзи иҷтимоӣ ба қайд гирифтан:
- нусхаи оиннома ва шартномаи муассисавӣ;
- нусхаи шаҳодатнома.
- Дар ҳолатҳои зарурӣ кушодани ҳисоби арзӣ дар бонк:
- нусхаи оиннома ва шартномаи муассисавӣ;
- протоколи маҷлис;
- фармони таъини роҳбар ва сармуҳосиб;
- нусхаи шаҳодатнома.
- Ҷамоат ҳар як хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ширкати хоҷагидорӣ, кооперативи истеҳсолиро дар китоби хоҷагӣ, ки дар маълумотҳои асоси дар он ифода ёфтааст, ба қайд мегирад.
Ҳангоми ба қайд гирифтани ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳамаи тадбирҳоро аз нуқтаи 6 то 17 ифода ёфтаро аз нав такрор кардан лозим аст.
Моддаи 9. Мутобиқсозии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ Мутобиқсозии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пешбурди сиёсати давлатӣ ҷиҳати инкишофу пешрафти илмию техникӣ, сармоягузорӣ ва ояндабинӣ дар ин соҳа аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё