Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Моддаи 10. Шартҳои додани қитъаи замин Қитъаи замин бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқонӣ ба истифодаи меросии якумра дар асоси аризаи шаҳрванд аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) мувофиқи салоҳияти он, ки дар Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, дода мешавад. Хоҷагии дехконӣ метавонад барои мақсадҳои истеҳсолӣ ба таври иловагӣ қитъаи заминро ба иҷора гирад.
Чун қоида, қитъаи замин яклухт дода мешавад.
Хароҷоти тартиб додани ҳуҷҷатҳои кадастрии замин, таҳқиқи агрокимиёвӣ ва экологии хок аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор пардохта мешавад. Инчунин заминистифодабаранда метавонад корҳои мазкурро мустақилона фармоиш дода, бо маблағ таъмин намояд. Хароҷоти ҷудо карда додани замин ва ба расмиятдарории сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз ҳисоби ҳочагии деҳқонӣ сурат мегирад.
Ҳангоми ташкил намудани ҳочагии деҳқонӣ дар қаламраве, ки дар он иншоотҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоию маишӣ вуҷуд надоранд, ободии ибтидоии он, сохтмони роҳҳои хати интиқоли барқ, таъминоти об, воситаҳои алоқа ва мелиоратсияи заминҳоро давлат ба ўҳда мегирад.
Яъне дар сурати самаранок истифода бурдани замин, он ба хоҷагии деҳқонӣ якумра мемонад ва ба фарзандон ҳамчун мерос мегузарад.
Инчунин дар сурати кофӣ будани қувваи корӣ ва дигар захираҳои зарурӣ хоҷагии деҳқонӣ метавонад ба таври илова қитъаи заминро ба иҷора гирад.
Барои муайян намудани нишондиҳандаҳои сифати замин ва сохтани кадастри он маблағ аз ҳисоби буҷети давлат сарф карда мешавад.
Масъалаи ба расмият даровардани замин ба номи хоҷагии деҳқонӣ ва гирифтани сертификат аз ҳисоби хоҷагии деҳконӣ хароҷот карда мешавад.
Дар ҳолатҳое, ки хоҷагии деҳқонӣ дар заминҳои нав ташкил карда мешавад, ки дар он роҳ, таъмини хати барқ, воситаҳои алоқа ва иншоотҳои мелиоратсия вучуд надоранд, ташкил ва сохтмони онҳо аз ҳисоби давлат гузаронида мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё