Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Вале мухлати коркард ва ивази як захр бо дигараш барои нест кардан ва баланд бардоштани фоидаоварии коркарди боғот аҳамияти калон дорад. Агар шумо дар як коркард як заҳрро истифода бурда бошед, пас аз ин дар коркарди дуюм заҳри дигарро истифода бурдан лозим аст (масалан днок ва нитрофенро ё дигар заҳрро). Яъне доим истифодаи як заҳр боиси ба ин заҳр тобовар гаштани зараррасонҳо ва касалиҳои дарахтон гашта, самараи вай кам мешавад.
Дар баланд бардоштани меваи токзор мо тавсия медиҳем ки буридани навдаҳо (дар як навда мондани 2-3 чашмак ё буғуми мевадиҳанда) аз аввали фасли баҳор, гузаронидани се маротиба хомток (дар давраи пас аз гул фаромадан, боз баъди 1 моҳ аз хомтоки якум ва инчунин боз баъди як моҳи дигар аз хомтоки дуюм). Ба муқобили қарасони ток (оидиум) ва антаркнози вай истифодаи моддаи хушк ё ин ки дар об ҳал шавандаи олтингугирдро дар се давра гузаронидан тасия медодем. Кокарди якумро дар давраи то пайдо гаштани гули ток, дуюмашро баъди як моҳ ва сеюмашро баъди 20 - 25 рўз аз коркарди дуюм. Дар вақти коркарди дуюмро гузаронидан бар зидди ин касалиҳо инчунин дар маҳлули корӣ ҳамроҳ намудани заҳрҳои (зидди кирминаи ангур - винградная листовертка ва флюксераи ангур, баъди аз гул фаромадани ток) нурел-Де ё ин ки децис ва ғайраро тавсия додан мумкин аст. Дар ин маҳлули корӣ ҳамроҳ намудани собун ё ин ки айна ҳатман зарур аст. Ин коркарди токзорро бо омехтаи заҳрхимикатҳои зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон бояд баъди аз гул фаромадани ток ду маротиба (дар восилаи байни ин коркадҳо аз ҳамдигар то як моҳ) гузаронида шавад.
Ба ниолҳхои ҷавони соли аввали авзоиш ба воситаи дар 10 литр об ҳал намудани 2 кг хокистар, 100-150 г аммиачная селитра, 50-80 грам калий хлор, 20-50 грам тамоку, 30-60 грам собун, 30-60 грам тхалч, 1 дона сирпиёзи майдакардашуда, 1 дона каламфур ва ба воситаи асбобҳои пошанда ё ин ки ҷоруб дар давраи аввали пайдо гаштани баргҳо гузаронидан лозим аст. Ин коркардро ду ё се бор такрор кардан барои аз ҳашароту касалиҳои замбуруғӣ ҳимоя кардани ниҳолҳои ҷавон аҳамияти калон дорад. Ин маҳлули тавсиядодашударо 2-4 рўз пеш тайёр намуда, баъд истифода бурдан зарур аст. Агар онро ба воситаи пошандаҳо истифода баред вайро пеш аз пошидан аз дока гузаронида, баъд пошидан лозим аст.

пешина
аз 164
навбатӣ