Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Вале агар бавоситаи ҷоруб онро пошед аз дока гузаронидани вай зарур нест. Коркади боғот ба заҳрхимикатҳо пеш аз об додани боғ ва пас аз соатҳои 18-20-и вақти маҳали гузаронидан ба фоидаи кор аст. Вале коркарди токзорро ба воситаи олтингугирди хока хуб мешуд, ки пагоҳии барвақт яъне соатҳои 5-8-и рўз гузаронида шавад, то ин ки дар намии дар барг ва навдаҳо мавҷуд буда ин заҳр часпида, нигоҳ дошта шавад.
Дар вақти гузаронидани коркарди боғот бо заҳрҳо чорабиниҳои беҳатарии онҳро бояд риоя намуд. Махсусан дасту бадан ва роҳи нафасгири бояд пурра аз таъсири заҳрҳо ҳимоя карда шавад ва дар гузаронидани ин чорабиниҳо аз масолеҳи хҳмояи роҳи нафас, дастпушакҳо ва ғайра истифода бурдан лозим аст.
Махсусан дар давраи коркарди дарахтони себ, нок, олу, шафтолу, зардолу ва ғайрахо ба воситаи заҳрихимикатҳо ба монанди днок ё ин ки нитрофен ба муқобили зиреҳакҳо ( шитофкаҳо) бисёр ба маврид мебошад. Дар таркиби моеъи корӣ ( 600 литр дар як гектар ва сарфи заҳрихимикатҳо 5-6 кг/га ) барои нест кардани ин зараррасони хайфноки дарахтон аҳамияти калони амалӣ дорад. Ба муқобли ин зиреҳакҳо коркарди боғ дар моҳҳои январу феврал ( як маротиба) ва дар моҳи март ( як маротиба вобаста аз карахт будани муғчаҳои дарахтон, яъне то гузаронидани ин кокард бояд муғчаҳо карахт бошанд ) ба фоидаи кор мебошад. Коркарди баҳории дарахтон бо ин заҳрҳо бояд то гулкунии дарахтон ва пайдо гаштани баргҳо гузаронида шавад.
Ба муқобили касалиҳои дарахтон ба монанди қутурҳои баргу мева ва микроспориозу ризоктозҳо коркарди се маротибаро тавсия додан мумкин аст. Коркарди якум баъди аз гул фаромадани дарахтон ва пайдо гаштани меваҳои ҳаҷман то донаи ҷуворӣ ва зардолу гаштани онҳо, коркарди дуюм баъди як моҳи коркарди якум ва коркади сеюм баъди 15-20 рўз аз коркарди дуюм. Барои часпакии заҳрихимикатҳоро дар пусти мева ё барг зиёд намудан ҳатман собун ҳамроҳ кардан лозим аст. Дар як га 2кг айна ё ин ки 2 дона собуни ҷомаушӣ истифода бурдан лозим аст. Бо ҳамроҳии днок ё ин ки нитрофен бо ҳамроҳии маҳлули кории истифодашаванда дар дар майдони 1 га ҳамроҳ намудани 0,5 - 1,0 литр солярка барои часпакии онро зиёд намудан низ тавсия карда мешавад.

пешина
аз 164
навбатӣ