Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Ҳангоми муайян намудани меъёри хўронидан ва тартиб додани ратсион вобаста ба намуди чорво 20-40 нишондодҳоро ба эътибор гирифтан лозим аст. Нишондодҳои меъёри хўронидан инҳоянд: воҳиди хўрокии сулӣ, воҳиди хўрокии энергетикӣ, моддаи хушк, протеини хом ва ҳазмшаванда, аминокислотаҳои ивазнашаванда, клетчатка, равған қанд, крахмал, намаки ошӣ, макро-ва микроэлементҳо, витаминҳо.
Дар вақти тартиб додани ратсион шартҳои зеринро риоя намудан лозим аст:
- чорво дар давоми шабонарўз аз ҳамаи моддаҳои лозимии ғизоӣ, минералӣ ва витаминҳо мувофиқи меъёр мукаммал таъмин бошад;
- ратсион бояд аз хўрокҳое иборат бошад, ки ба хусусиятҳои хўрокҳазмкунии чорвое, ки барои он тартиб дода шудааст, мувофиқ бошад;
- ратсион бояд асосан аз хўрокҳои гуногун ва хушсифат иборат буда, нафақат ба маҳсулнокӣ, наслнокӣ, сиҳатӣ, инчунин ба сифати маҳсулот таъсири хуб расонад.
Барои тартиб додани ратсион маълумотҳои зеринро донистанлозим аст: намуд, сину сол, маҳсулнокӣ ва ҳолати физиологии чорво; меъёри хўронидан; номгўи хўрокҳои мавҷудабуда; меъёри додани хўрокҳо; таркиби химиявӣ ва ғизонокии хўрокҳо.
Расионҳои намунавӣ барои фарбеҳкунии чорвои калони шохдор дар асоси силос (кг ба 1-сар дар як шабонарўз).
Давраи фарбеҳкунӣҲамагӣ хўрокҳо Хўрокҳодар давраи Ба СаривақтМиёна фарбеҳкунӣ охиррасӣ кг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё