Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Барои ҷавонаҳо
(вазни зинда 300-350 кг, вазнафзункунии якшабонарўза
мутаносибан дар дараҳои фарбеҳкунӣ- 950, 1000, 1000г)
Силоси 30 25 20 27,25
ҷуворимакка
Беда 3 2 1 2,15
Коҳи гандум 1 1 2 1,15
Хўрокҳои серғизо 1 1,3 1,2 1,38
Сабуси гандум 0,3 0,3 0,3 0,33
Намаки ошӣ, г 30 30 35 9,04
Фосфатҳои хўрокӣ, 50 60 70 9,06
г
Барои чорвои калонсол
(вазни зинда 400-450 кг, вазнафзункунии якшабонарўза
мутаносибан дар давраҳои фарбеҳкуниӣ 1100, 1000, 1000г)
Силоси 40 35 30 31,5
ҷуворимакка
Коҳи гандум 4 4 2 3,0
Хўрокҳои серғизо 1,2 1,7 1,7 1,38
Сабуси гандум 0,5 0,3 0,3 0,33
Намаки ошӣ, г 50 50 55 0,05
Фосфатҳои хўрокӣ, 70 80 80 0,08
г
БОБИ 10. МУРҒПАРВАРӢ
Дар сурати истифодаи бештари хўрокхои маҳалли (дони лубиёгиҳо ва хўшадор, хўрокҳои сабзу сершира ва ғ.) тайёр кардани хўроки омехта пеш аз хўронидан сурат мегирад, бинобар он ба ҳолати намнокии хўрок, миқдори додани он ва ба омадакунии бештаре аз онҳо бояд аҳамияти ҷиддӣ дод.
Омехтакунии хўрокҳои гуногун бо об ё боқимондаҳои коркарди шир бояд чунин сурат гирад, ки хўрок часпаку хамирмонанд набошад ва он озодона аз каф резад. Чунин хўрокро ҳамон микдор додан лозим, ки мурғҳо онро тули 30-40 дақиқа хуранд.
Дони лубиёгиҳоро (аз сабаби дар таркибашон заҳр доштан) беҳтар аст, ки пухта диҳед. Дар тули рўз ба мурғҳо 3-4 маротиба хўрок додан зарур аст. Агар истифодаи ягон намуди ғалладона дар алоҳидаги пеш ояд онро беҳтараш бегоҳ диҳед.
Вояи таркиби хўроки мурғҳо (г/ ба 1 сар дар шабонарўз) Х ўр о кБаҳору Тирамоҳу тобистонзимистон Ғалладонагиҳои гуногун
Орди ярамаи омехтаи ғалладонагиҳо Хўрокҳои ҳайвони
Кунҷораи гуногун
Хўрокҳои сабзу сершира
Орди алаф
Хўрокҳои маъданӣ
Намаки ошӣ
Бояд донист, ки ҳангоми дар фарш нигоҳ доштани мурғҳо имконияти бештаре доранд талаботашонро (хусусан ҳангоми сайру гашт дар беруни бино) бо баъзе хўрокҳои витамину сафедадор ва маъдани таъмин намояд. Аз нурафшонии офтоб ва ҳаракати бештар маҳрум набошанд. Дар катак бошад мурғҳо ин имкониятҳоро надоранд, биноан вояи хўрокашон бояд бештар пурбаҳо бошад. Бо назардошти гармии иқлими кишоварзӣ мо (алалхусус дар тобистон) микдори додани хўрок бояд ҳамон қадар бошад, ки он дар донхурак бисёр истода турш нашавад ва барои таъмин намудани истеъмоли меъёрии қисмати бештари онро пагоҳии барвақт ва баъд аз зуҳр соатҳои пастшавии ҳарорат додан зарур аст.
Дар қатори хусусиятхои хос доштани хўронидани мурғҳо, хўронидани чўҷаҳо низ дорои чунин хусусиятҳоянд. Агар аз рўзи аввал парваришу хўронидани чўҷаҳо дуруст ба роҳ монда шавад дар оянда онҳо мокиёнҳои солиму сермаҳсул мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё