Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Моддаи 11. Меъёри додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ Қитъаи замин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи мероси якумра барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо меъёрҳои зерин дода мешавад:
а) заминҳои ташкилотҳои кишоварзӣ бо меъёри миёнаи саҳми замин дар ин ташкилот ба ҳар як аъзое, ки ҳуқуқи саҳми замин дорад; б) аз заминҳои фонди махсус ба меъёри миёнаи ноҳиявии (шаҳрии) саҳми замин ба ҳар як аъзои қобили меҳнат, ки хоҳиши ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ дорад.
Яъне меъёри додани замин барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ вобаста аст:

  • аз ҳаҷми умумии замини ташкилот (колхоз, совхоз, корхонаҳои байнихоҷагӣ, хоҷагиҳои саҳомӣ, кооперативию истеҳсолӣ ва ғайра) ва шумораи аъзоҳои он, ки саҳми заминро доранд;
  • ҳаҷми умумии фонди махсуси замини ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва шумораи дар ҳамин ноҳия ва шаҳр хоҳишмандоне, ки қобили меҳнат ва хоҳиши ташкили хоҷагии деҳқониро доранд.
    Яъне, меъёри замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзоҳои он дар вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои қаламрави ҷумҳурӣ гуногунанд.
    Моддаи 12. Тартиби ташкили фонди махсуси замин барои ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ Барои ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) фонди махсуси заминро аз ҳисоби заминҳои зайл ташкил менамояд:
    а) заминҳое, ки аз истифода баромадаанд ё заминҳои камарзиш гузаронида шудаанд;
    б) заминҳои захиравӣ;
    в) заминҳои ҳамаи категорияҳо, ки аз рўи мақсади муайян истифода бурда нашудаанд;
    г) заминҳои барои истеҳсоли кишоварзӣ додашуда, ки дар муддати як сол истифода бурда нашудаанд, инчунин заминҳои барои мақсадҳои ғайрикишоварзӣ додашуда, ки дар муддати ду сол истифода нашудаанд;
    д) заминҳои ташкилотҳои хоҷагии ҷангал, ки аз дарахту бутазор холӣ ҳастанд ва барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқанд;
    е) заминҳои ташкилотҳои кишоварзие, ки самаранок истифода намешаванд;
    ё) заминҳои хоҷагии деҳқоние, ки фаъолияташон қатъ гардидааст;
    ж) заминҳои нав азхудкардашуда.
пешина
аз 164
навбатӣ