Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Намаки ошӣ - 0,01-0,05-0,08-0,1-0,2-0,3
0,03 0,08 0,1 0,2
Шири беравған 5-10 15 20 20-20-20-30
(обрат) 30 30

Барои якрангу солим парвариш ёфтани чуҷаҳо микдори донхўрокҳо бояд басанда бошад. Набояд фаромуш кард, ки талаботи асосии парандаҳо тақрибан 80% аз ҳисоби оби нушокӣ қаноатбахш карда мешавад ва фақат 20% боқимонда аз ҳисоби оби хўрок ва мубодилаи моддаҳо аст. Ҳангоми муътадил будани ҳарорату намнокӣ таносуби хўрдани хўрок ва нўшидани об 1:2 ё 1:3 –ро ташкил медиҳад. Ин таносуб дар иқлими гарми ҷумҳурӣ метавонад то ба 1:4 ё 1:5 афзоиш ёбад, яъне парранда бар ҳар 100 г хўроки истеъмолкардааш то 400-500 г об менушад. Дар ин маврид на танҳо таъминот аз об, балки истифодаи бештари хўрокҳои серғизо низ ҷолиби таваҷҷуҳ аст.

БОБИ 11. ЗАМБУРПАРВАРӢ
Корҳои баҳорӣ. Дар охири зимистон оилаҳои занбури асал аз ҳолати дамгири ба фаъолияти пурра мегузаранд, ҳарорати гулзор баланд мешавад, дар бачадонаш тухмонӣ сар мешавад.
Дар ҳолати кифоя таъмин кардани оилаҳо бо хўрока ва гарди гул, насл зиёд мегардад ва оилаҳо аз шароити зимистона ба амали фаъол мегузаранд. Пас аз парвози тозашавӣ, бачадон оҳиста – оҳиста тухмигузориро зиёд мекунад. Вазифаи замбурпарвар шароитҳои фароҳам ба оилаи оруҳо ташкил кардан аст. Тафсия карда мешавад, ки оилаи замбурҳо дуртар аз манбаҳои об, роҳҳо, фермарҳо ҷойгир гарданд, аз шамол эмин бошанд. Оилаи замбурҳоро бо тартиби шахмат ҷойкарда дар масофаи 3-4 м дар қатор ва 5-6 м байни қаторҳо ё 3 дона якҷоя байни онҳо дар қаторҳо 3-4 м. Чубҳо ва такяҳоро чунон задан даркор, ки баландиаш 40-50 см бошад ва барои парвози занбурҳо мусоидат кунад. Оилаҳое, ки зимистонро бад гузарондан бо онҳо кор бурда камбудиҳояшонро ислоҳ ё соқит мекунанд.
Барои аз назар гузаронии баҳорӣ шарт нест, ки ҳар орухонаро кушоем, кифоя аст агар аз мобайн рамкаеро бардорем ва бубинем, ки афзоиши насл кушод ё пушида аст хўрока мерасад ё на. Маълумотҳои аз назар гузорони дар китоби ҳисобот навишта мешаванд. Дар ин хусус низ санад тартиб дода мешавад.

пешина
аз 164
навбатӣ