Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Хўроки аввалинро ба чуҷаҳо пас аз тухм баромада хушк шуданшон (пас аз 10-18 соат) медиҳанд. Ин хўрок метавонад тухми сахт пухташуда, творог, чуворимакка ва гандуми ярмакардашуда бошад. Ба тухми пухташуда ярмаи ин хўрокҳоро омехта карда медиҳанд. Рўзҳои аввал (3-5 рўз) хўрокро мумкин аст дар лаъличаҳои гуногун диҳед ва баъдтар аз донхўрокҳо истифода кунед.
Дар давраи аввал хўроку обро ба манбаи гарми наздик гузоштан лозим. Ба чўҷаҳо додани алафҳои сабз, хўрокҳои сершира (сабзи, лаблабу, кадуи зард ва ғ.), хўрокҳои маъданиро (орди гуштмоҳи, орди устухон, бур ва ҳ.) одатан баъди 5-7 рўзагиашон медиҳанд.

Меъёрҳои таркибии хуронидани чуҷаҳо
(г/ба 1 сар дар шабонарўз)
Хўрок 1-10 11-20 21-30 31-61-91-120
60 90
Орди ярмаи
ғалладонагиҳо 2-4 4-7 7-15 15-- -
20
Дони ғалладонагиҳо - 3-5 5-7 7-10 30-40-45
40
Кунчораҳои гуногун 0,1 0,2-0,5 1,0 2,0 3,0-3,5
0,3
Твороги беравған 1,0-- - - - -
3,0
Картошкаи - 4,0 10,0 15-20-25-30
пухташуда 20 25
Сабуси гандум 1,0-2,0 3,0 4,0 4-6 5-6
2,0
Орди моҳӣ ва гушту
устухон 0,3-1,0-1,5-2,0-3 3-5 5,0
0,5 1,5 2,0
Гуштмоҳи, бўр 0,2 0,2-0,5 0,8-1,5-2,0
0,4 1,5 1,7
Тухми пухташуда 2,0 - - - - -
Орди устухон, алаф 0,1-0.2-0,3-0,5-1,5-2,0
0,2 0,3 0,4 0,9 1,8
Алафи тар ё сабзи 1-3 5-7 7-10 10-20-25-30
20 25

пешина
аз 164
навбатӣ