Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Занбурҳоро барои ҷамъоварии асал аз тирамоҳ тайёр мекунанд, чунки занбурҳое, ки зимистонро нағз гузарондаанд маҳсулнокии баланд медиҳанд. Дар бораи ин занбурпарвар бояд шароитҳои маҳали серасал медодогиро, муҳлатҳои гулкуни ва давомнокии ҷудокунии шаҳдро хуб донад.
Ў дар бораи базаи хўрокии хуб ташвишдор буда, дар вақташ занбурҳоро ба дигар ҷой барад.
Хостан ва кашидани асал. Бо захираҳои кофии асали қанду гирифтани асал як бор дар охири ҷамъоварӣ гирифта мешавад, агар кам бошад, дуюм бор такрор мекунад бо расидани асал ё дар ҳолате, ки 1/3 қисми қуттуҳо рустанд. Асал дар хонаҳои тоза дар нимаи дуюми рўз гирифта мешавад. Баъди ин амалёт ва мубориза ба муқобили пароэтоз оилаҳо ба зимистонгузарони тайёри мебинанд.

БОБИ 12. КАСАЛИҲОИ ҲАЙВОНОТ ВА РОҲИ ПЕШГИРИИ
ОН
Ҳолати эпизоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2002 юм нишон медиҳад, ки пайдошавии касалиҳои умуми барои якчанд ҳайвон ва инсон як хел ҷой дорад.
Пайдошавии касалиҳо дар байни хайвонҳо алалхусус, касалиҳои сирояткунанда ва анголӣ (паразиты) сабаби паст шудани сифати маҳсулот, кам шудани он ва сарфи зиёди иқтисодӣ мешавад. Бисёрии ин касалиҳо сабаби пайдошавии касали дар байни одамҳо низ мешавад.
Касалиҳои сирояткунанда ва ангалӣ аз давраҳои қадим дар ветеринарӣ ва тибб маълум буда барои инсон хатарнок мебошанд. Касалиҳои хатарнок, ки дар Ҷумхурии вомехурад инҳо мебошанд: Сухтани, Буғумдарди шадид (табларза), Салмонеллезҳо, Сил, Лептоспироз (зарпарвини ҳайвонҳо), Аденоматоз (саратони шуш), Оқсил, Гул, Касалии хорӣ, Хламидиозҳо, Саратони хун (Лейкозҳо), Эхинококкоз, Трихенелёз Ситосерпоз (Финноз) ва дигарҳо.
Касалии сўхтани – Касалии тезпаҳншавандаи заҳролудшаванда буда, ҳамаи ҳайвонҳои хонагию ваҳшӣ ва одам гирифтор мешавад. Касали фасли буда, бо нишонаҳои заҳролудшави ва нишонаи қисмӣ дошта пайдо мешавад.
Ташҳизи ў ба холати эпизооти, нишонаҳои касал, дигаргуниҳои анатомиявӣ дар вақти кушодани ҳайвонҳои фавтида ва тафтиши лабаратори хос мебошад.

пешина
аз 164
навбатӣ