Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Табобат. Асосан зардоби зидди касали сухтани ва антибиотикҳо истифода бурда мешавад. Барои пешгири холати эпизотиро ба этибор гирифта, ҳайвонҳоро моеъгузарони мекунанд, ҳоҷагиро аз ҷиҳати ҳолати ветиринарӣ беҳдошта хуб нигоҳ медоранд.
Дар вақти пайдошавии касали ва шубҳа кардан ҳайвонҳои касал ё шубҳанокро ҷудо намуда, ҷасади ҳайвони фавтидаро месўзонанд. Ҷои касали, ҷасад ва биноҳоро тоза намуда дезинфексия мекунанд ва ба хоҷагӣ карантин эълон мекунанд ва ҳамаи талабони онро иҷро менамоянд.
Буғумдарди шадид (табларзаи малпичӣ…..) касалии дарозмуддат буда бо бачапартои, буғумдард, наафтидани ҳамрояк, варам кардани моя ва ҳарорати баланду пастшаванда пайдо мешавад.
Барангезандаи касали микроорганизми гурўҳи Брутселла мебошад. Эпизоти, нишонаҳои касали, реаксияи аллергиявӣ ва тафтиши лабораторӣ истифода бурда муайян менамоянд.
Табобат – ҳайвонҳои касалро ҳатман мекушанд ва гушташро пас аз пухтан истеъмол менамоянд.
Пешгирӣ. Ҳайвонҳоро ҳатман моягузарони мекунанд. Барои ҳайвонҳои шохдори калон баксина аз штаммы 82 ва барои бузу гусфанд Рев-1. Барои инсон бошад штамм 19 истифода бурда мешавад.
Салмонелёзҳо. – Касали сирояткунандае, ки бо баландшавии ҳарорат вайроншавии мубодилаҳи дар модаю рўда (узвҳои ҳозима), шуш, бачапартои ё зоидани насли фавтида ё ин ки сустхо мебошад.
Барангезандаи касали салмонелла – ҳо буда зиёда аз 1600 хели ў малум мебошад ва касалиҳоро меоварад. Ҳамаи намуди ҳайвонҳо ва инсон касал мешаванд.
Ташхиз. Бари муайян намудани касалӣ ҳолати эпизоотӣ, нишонаҳои касали дигаргунии анатомиявӣ, натиҷаи тафтишоти бактериологии серологӣ ба этибор гирифта мешавад.
Табобат. Асосан табобати нишонавӣ (симптоматики) буда ҳолати умумии ҳайвон ба инобат гирифта мешавад.
Барои пешгири кардани касалӣ асосан моягузаронии махсус чи барои ҳайвонҳои ҳомиладор (модагов ва гўсфандон) ва чавоноҳо (гўсола, хукча, баррачаю бузғола) истифода бурда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё