Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Сил – касали сирояткунандаи дарозмуддати ҳайвонот, паррандаҳо ва инсон буда, асосан бо пайдошавии баландичаҳо (туберкул – бугорок) дар узвҳои даруни хос буда, баъд аз тараққии касалӣ онҳо маҳлул (паранда) мешаванд.
Барангезанда. Минобактерия буда, 3 намуд дорад:
қаранизандаи одами, говӣ ва паррандагӣ.
Манбаи асосии касали ин ҳайвонҳои касал, одамон ва паррандагон буда аз якдигар заҳролуд мешаванд.
Ташхиз – бо роҳи комплексӣ буда, дар ҷумҳурии мо роҳи аллегиявӣ, биологӣ серолот, нишонаи касали, кушодани ҳайвони фавтида ё куштани он, ҳистологӣ……. ва бактериологӣ истифода бурда мешавад.
Табобат. Ҳайвон ва паррандаҳои касалро мекушанд ва пас аз пухтан истифода мебаранд. Ҷойҳои осебдидаашро месўзонанд ё ба чоҳи 2-2,5 метра гўр мекунанд.
Лептоспироз. (Зарпарвини ҳайвонҳо) касали зирояткунанда буда, асосан бо табларза, дар хун ва пешоб пайдошудани глобулин, камхуни, фавтидани қисмҳои пуст ва пардаҳои луоби асосан мебошад. Барангезандаи Лептоспира, ки 170 намуд ва 19 зернамуд дорад, ҳамаи ҳайвонҳо ва одам касал мешавад. Касали касалии манбавию муҳити буда яке аз касалиҳои пахшуда мебошад.
Ташхиз – асосан хуллосаи тафтиши микробиологӣ, бактериологӣ ва хистологи мебошад, ки ҳолати эпизоти, нишонаҳои касали ва кушодани ҷасади ҳайвонро ба этибор гирифта мешавад.
Табобат – Барои табобати ҳайвонҳои касал зардоби хуни иммуногени ва стрептомицин истифода мебаранд.
Барои пешгирии касали мояи махсуси аз як чанд намуд ва зернамуди барангезанд (поливалента) истифода буда мешавад.
Саратонҳо – касали васеъпаҳншудаи бе нишонаи махсус буда асосан пас аз марг ё куштани ҳайвонҳои касали бе нишона дар узвҳои дарунӣ дигаргуниҳои хос пайдо карда мешавад.
Барангезанда вируси махсус аз гурўҳи етровирус мебошад.
Ташхизи касали асосан ин тафтиши ҳистологӣ ва имотологии (хуни) мебошад.
Табобат – надорад. Ҳайвонҳои касалро агар хароб набошад, дигаргуниҳо дар мушаки скелет набошад пас аз пухтан истеъмол менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё