Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

муқарраргардида барои зҳтиёҷоти хоҷагиашон истифода баранд;
• бо назардошти талаботи ҳамин Кодекс манзил, иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ ва дигар иншоотро бунёд намоянд;
• молики кишти зироатҳою ниҳолҳои шинонидашудаи кишоварзи бошанд;
• қитъаи заминро ба иҷора диҳанд;
• дар мавридҳое, ки дар моддаи 41 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, товони зарарҳои расонидашударо пурра гиранд;
• ихтиёран аз қитъаи замин даст кашанд.
Моддаи 21. Уҳдадориҳои заминистифодабарандагон.
Заминистифодабарандагон уҳдадоранд:
• заминро мувофиқи мақсад ва шартҳои муайяншуда истифода баранд;
• замини додашударо самаранок истифода баранд ва аз технологияи барои ҳифзи табиат пешбинишудаи истеҳсолот истифода намуда, ба бад шудани вазъи экологии маҳал дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидори роҳ надиҳанд;
• барои ҳифзи замин маҷмуи чорабиниҳоеро, ки дар моддаҳои 51-52 хамин Кодекс пешбини шудаанд, амали намоянд;
• сари вақт андоз ва иҷорапулии заминро супоранд;
• ҳуқуқи дигар замин истифодабарандагонро вайрон накунанд;
• маълумоти дар қонуни замин муқарарргардидаи оиди вазъу истифодаи заминро сари вақт ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия пешниҳод намоянд.

ДОДАНИ ЗАМИН
Моддаи 22. Тартиби додани замин.
Қитъаҳои замин ба ашхоси ҳуқуқию вокеӣ дар асоси қарорҳои мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия мувофиқи моддаи 26 ҳамин кодекс дода мешаванд.
Тартиби додани қитъаҳои заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 23. Додани замин барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ.
Барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ мувофиқ будани заминро Кумитаи заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои хокшиносӣ, тадқиқотӣ, геоботаникӣ, гидромелиоративӣ, агроиқтисодӣ ва дигар тадқиқотҳо муайян мекунад.

пешина
аз 164
навбатӣ