Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Моддаи 28. Муқаррар кардани худуди китъаи замин дар маҳал ва тартиб додани плони он.
Дар ҳама мавридҳое, ки қитъаи заминро аз дигар заминҳо ҷудо кардан лозим меояд, корҳои муқаррару дақиқтар муайянсозии ҳудуди қитъаи замин дар маҳал гузаронида мешаванд.
Таҳияи план ё нақшаи ҳудудҳо, муқаррар кардани ҳудудҳо дар маҳал ё дақиқтар муайян намудани онҳо аз ҳисоби пули воридшавандаи замин ё аз ҳисоби худи заминистифодабарандагон аз ҷониби Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо сурат мегирад.
ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ
ЗАМИН.
Моддаи 37. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин.
Ҳуқуқи истифодаи замин ё як қисми он дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
а) даст кашидан аз қитъаи замин; б) қатъ гардидани фаъолияти заминистифодабарандагон; в) нодуруст истифода бурдани қитъаи замин; г) истифода бурдани замин на мувофиқи мақсаде, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода шудааст; д) истифодаи қитъаи замин бо усулҳое, ки боиси паст шудани ҳосилнокии замин, заҳролудшавии он бо маводи кимиёӣ, радиоактивӣ ва дигар мавод ва бад шудани вазъи экологӣ мегардад; е) ба охир расидани муҳлати истифодаи замин; ж) мунтазам насупоридани андози замин дар муҳлатҳои муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; з) дар сурати барои дар истеҳсолоти кишоварзӣ дар давоми ду сол истифода нашудани қитъаи замин; и) гирифтани замин дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Кодекс.
Модаи 38. Асосҳои қатъ гардидани шартномаи иҷораи замин.
Шартномаи иҷора бо сабабҳои зайл бекор карда мешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё