Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳуқуқи иҷораи замин бо шартномаи басташудаи тарафайн муайян мегардад.
Яъне, барои фаъолияти қонунӣ ҳар як хоҷагии деҳқонӣ сари вақт сертификати ҳуқуқиро гирад ва барои иҷора гирифтани замин шартнома банданд.
Моддаи 14. Тартиби додани қитъаи замин аз заминҳои фонди махсус барои ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ Шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкил кардани хоҷагии деҳқониро доранд, аз ҷумла онҳое, ки аз дигар ноҳияҳо (шаҳрҳо) барои зиндагии доимӣ кўчида меоянд, барои гирифтани қитъаи замин ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) маҳалли воқеъшавии қитъаи замин ариза дода, дар он далелҳои заруриро меоваранд.
Дар ариза мақсади истифодаи қитъаи замини тақозошаванда, андози пешниҳодшаванда ва маҳалли воқеъшавии қобили меҳнат зикр мегардад.
Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) дар муддати як моҳи баъди додани ариза дар бораи додани қитъаи замин қарор қабул мекунад.
Дар ҳолати риоя накардани мўҳлати қабули қарор ё пинҳон намудани маълумот дар бораи вуҷуд доштани фонди махсуси замин шахсони мансабдор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Даъво аз рўи қарори мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) дар бораи надодани қитъаи замин аз тарафи суд дида баромада мешавад.
Яъне, ҳар як шаҳрванд, ки хоҳиши ташкил намудани хоҷагии деҳқониро дорад, ҳатто он шахсоне, ки аз дигар минтақаҳо барои истиқомати доимӣ кўчида омадаанд, ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби заминҳои фонди махсус соҳиби замин шаванд.
Тартиби гирифтани замин чунин аст: шаҳрванд ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия оиди гирифтани замин ариза медиҳад.
Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия бошанд дар мўҳлати як моҳи баъди додани ариза дар бораи додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ қарор қабул мекунад.
Қоидаи ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ дар эъзоҳоти моддаи 6 Қонуни мазкур оварда шудааст.

пешина
аз 164
навбатӣ