Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Моддаи 15. Ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлатӣ ва дигар намудҳои хоҷагидорӣ Заминҳои хоҷагиҳои давлатӣ ва дигар намудҳои хоҷагидорӣ (ғайр аз заминҳои дар сарсатри 3, моддаи 12 нишондодашуда) дар байни аъзои доимии он, инчунин бо қарори маҷлиси умумии онҳо ба рўйхати саҳмдорон дохил кардани дигар шаҳрвандон бо тариқи сахмдорӣ ба ҳиссаи муайяни замин, ки хуқуқи ҳар як шаҳрвандро таъмин менамояд ва вобаста ба шароити маҳал, ҷойгиршавии захираҳои замин, маҳалҳои аҳолинишин ва дигар омилҳо шартан тақсим карда мешавад.
Андозаи саҳми заминро кумитаҳои заминсозии ноҳия (шаҳр) муқаррар намуда, ҳукумати ноҳия (шаҳр) онро тасдиқ менамояд.
Заминҳои хоҷагиҳои давлатӣ ва дигар намудҳои хоҷагидорӣ (ба ғайр аз заминҳое, ки дар сарсатри 3, моддаи 12 нишон додашуда) дар ҳолатҳои лозима байни аъзоёни доимии он шартан тақсим карда мешавад. Инчунин бо қарори маҷлиси умумии аъзоёни корхона ба шаҳрванди дигар низ аъзои доимӣ хоҷагӣ нестанд, бо назардошти шароити маҳал, ҷойгиршавии захираҳои замин, маҳалли аҳолинишин ба тариқи саҳмдорӣ ба ҳиссаи муайяни замин тақсим карда дода мешавад. Андозаи замин барои ҳар як ноҳия (шаҳр) гуногунанд ва онро дар асоси пешниҳоди кумитаи замин ҳукумати ноҳия тасдиқ менамояд.
Моддаи 16. Бақайдгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ Хоҷагии деҳқонӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар мақомоти давлатии андози маҳалли воқеъшудаи хоҷагӣ ба қайд гирифта шуда, омори давлатии маҳаллӣ онро ба ҳисоб мегирад.
Ширкати хоҷагидорӣ ва кооперативи истеҳсолӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, пас аз гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар мақомоти адлияи маҳалли воқеъшудашон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, омори давлатии маҳаллӣ онро ба ҳисоб мегирад.
Ҷамоати деҳот (шаҳрак) ҳар як хоҷагии деҳқонӣ, ширкати хоҷагидорӣ ва кооперативи истеҳсолиро дар дафтари хоҷагӣ ба ҳисоб мегирад ва дар он маълумотҳои асосиро оиди онҳо қайд менамояд.
Яъне хоҷагии деҳқонии навташкил на танҳо дар Ҳукумати ноҳия (шаҳр) ва мақомоти заминченкунӣ ба қайд гирифта мешаванд, балки дар мақомоти давлатии андози маҳаллӣ воқеъшудаи хоҷагӣ ва мақомоти омор ба қайд гирифта мешавад.

пешина
аз 164
навбатӣ