Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

• ба шаҳрвандон, колхозу совхозҳо, дигар корхонаю ташкилотҳои давлатии кишоварзӣ, кооперативи ва чамъиятӣ барои ба роҳ мондани истехсолоти кишоварзи;
• ба кооперативҳои шаҳрвандон барои боғдорию полизкории коолективӣ;
• ба муассисаҳои тахқиқоти илмӣ, таълими ва дигар муасссисаҳою корхонаҳои кишоварзӣ, омўзишгоҳҳои истеҳсолию техникии деҳот ва ва мактабҳои таълимоти умумӣ барои мақсадҳои тадқиқотӣ, таълимӣ, тарғиби таҷрибаҳои пешқадам ва барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ;
• ба корхона, ташкилоту муассисаҳои ғайрикишоварзӣ, ташкилотҳои дигар барои бароҳмонии хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ.
Моддаи 66. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ).
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-ро доранд, қитъаи замин ба истифодаи меросии якумра дода мешавад.
Шаҳрвандони машғули хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) метавонанд ба мақсади кишоварзи иловатан қитъаҳои заминро иҷора гиранд.
Ҳуқуқи бартариятноки гирифтани қитъаи заминро шахрвандоне доранд, ки аъзои колхоз ё корманди хоҷагии давлатианд ва синнашон аз 18 то 60-сола мебошад.
Дар ҳолатҳое, ки шумораи хоҳишмандон барои гирифтани қитъаи замин ба мақсади истифодаи меросии умрбод аз қитъаҳои замини додашаванда зиёд мегардад, кумитаи ноҳиявии замин масъалаи додани қитъаҳои заминро барои истифодаи меросии якумра дар асоси таҷрибаи хоҷагидории ҳаряк номзад баррасӣ менамояд. Номзадҳое, ки таҷрибаи кории зиёдтар доранд, дар навбати аввал қитъаи замин мегиранд.
Андозаҳои мушаххаси қитъаҳои замини шахрвандон, ки хоҷагии деҳқонӣ ташкил намудаанд, аз тарафи кумитаи маҳаллии замин бо дарназардошти сифат, мавҷудияти обёрӣ, ҷойгиршавии қитъаи замин нисбати роҳҳо ва дигар хизматрасонии лозимаи кишоварзи ба макқади муваффақ шудан ба баробарии бештарин дар шароити умумии қитъаҳои замин муайян карда мешавад.
Шаҳрванди ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ҳуқуқ дорад, ки дар қитъҳои замин дар майдони бештар аз 0,03 гектар бинои ёрирасон созад, агар масоҳати қитъаи замин беш аз 1 гектар бошад.

пешина
аз 164
навбатӣ