Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Моддаи 67. Тартиби додани замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ).
Кумитаи маҳалли замин ба шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар асоси аризаи онҳо замин медиҳад.
Дар ариза бояд мақсади истифодаи қитъаи замин ва андозаи пешбинишавандаю ҷойгиршавии он нишон дода шавад.
Мақоми ноҳиявии ҳокимияти иҷроия бо пешниҳоди кумитаи замини ноҳия дар муддати як моҳ таҳияи маводи зарурии танзими заминро таъмин намуда, роҷеъ ба масъалаи мазкур қарор қабул менамояд.
Нисбати қарори мақоми ноҳиявии ҳокимияти иҷроия дар бораи рад намудани додани қитъаи замин, инчунин амали ашхоси мансабдор, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро оиди гирифтани қитъаи барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) вайрон мекунад, аз ҷумла пинҳон кардани маълумот дар бораи мавҷудияти фонди махсуси замин 6а суд арз намудан мумкин аст.
Модаи 68. Хусусиятҳои ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи кормандони корхонаҳои кишоварзии давлатию кооперативӣ.
Заминҳои корхонаҳои давлатӣ ва кооперативӣ (ба ғайр аз корхонаҳои таҷрибавӣ, тадқиқотӣ- илмӣ, таълимӣ, ниҳолпарварию тухмипарварӣ) дар байни аъзои доимии коллектив 6а тариқи сахмдорӣ бояд ба қисмҳои муайян, ки ҳуқуқи шахсии ҳар як кормандонро оиди истифодаи қитъаи замин ҳангоми кор дар хоҷагии коллективӣ таъмин менамояд, шартан тақсим карда шаванд.
Андозаи саҳми замини ҳар як аъзои коллективро кумитаи маҳаллии замин муқаррар менамояд ва он бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда мешавад.
Дар мавриди аз корхонаи кишоварзии давлатӣ ва кооперативӣ баромадан барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ шаҳрвандон ба кумитаи маҳалли замин ариза медиҳанд.
Ариза дар муҳлати як моҳ баррасӣ гардида, натиҷаи он дар қарори кумитаи маҳаллии замин, ки дар он қарори қабулгардида дарҷ гардидааст, ба расмият дароварда мешавад.
Аризаҳои шаҳрвандон ва қарорҳои кумитаи маҳалли замин ба мақоми ноҳиявии ҳокимияти иҷроия барои аз тарафи кумитаи замин тайёр кардани парвандаи танзими замин оиди гирифтан ва додани қитъаи замин пешниҳод мешавад. Мақоми ноҳиявии ҳокимияти иҷроия дар муҳлати як моҳ парвандаи танзими замини пешниҳодгардидаро барраси намуда, қарори дахлдор қабул менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё