Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ташкилотҳои тиҷоратӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкориашон, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии амволӣ метавонанд тибқи шартнома байни худ иттиҳодияҳоро дар шакли ассотсиатсияҳо (иттиҳодияҳо) таъсис диҳанд, ки онҳо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд.
Агар бо қарори иштирокчиён ба зиммаи ассотсиатсия (иттиҳодия) фаъолияти соҳибкорӣ гузошта шавад, чунин ассотсиатсия (иттиҳодия) бояд бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ба ҷамъият ё ширкати хоҷагидорӣ табдил дода шавад. Барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ ассотсиатсияҳо (иттиҳодияҳо) ҳуқуқ доранд, ки ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар онҳо иштирок намоянд.
2.Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигари ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла муассисаҳо, метавонанд ихтиёран дар ассотсиатсияҳои (иттиҳодияҳои) ин ташкилотҳо муттаҳид шаванд.
3.Ассотсиатсия шахси ҳуқуқӣ мебошад. Аъзои ассотсиатсия мустақилияти худ ва ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд.
4. Ассотсиатсия аз рўи ўҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад.
Аъзои ассотсиатсия аз рўи ўҳдадориҳои он ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия пешбинигардида масъулияти субсидиарӣ дорад.
5. Номи фирмавии ассотсиатсия бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он ва мақсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимаҳои «ассотсиатсия» ё «иттифоқ» дар бар гирифта бошад.
Моддаи 280. Моликияти ассотсиатсия ва хоҷагидорӣ (иттиҳодияҳо) 1. Ассотсиатсияҳои хоҷагидории ташкилоту корхонаҳо (аз ҷумла контсерн, иттиходияҳои соҳавӣ, байнисоҳавӣ ва минтақавӣ) ба амволе, ки ташкилоту корхонаҳо ба он ихтиёран доданд, инчунин дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ба даст овардааст, ҳуқуқи моликият доранд.
2. Ассотсиатсияҳои хоҷагидорӣ ба амволи ташкилоту корхонаҳои ба он дохилшуда ҳуқуқи моликият надоранд.
3.Амволе, ки пас аз қатъи фаъолияти ассотсиатсияи хоҷагидорӣ боқӣ мемонад, байни ташкилоту корхонаҳои ба он дохилшуда тақсим карда мешавад.

пешина
аз 164
навбатӣ