Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Моддаи 31. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ Фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дар мавридҳои зайл қатъ мегардад:
а) тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин; б) қарори аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар бораи қатъи фаъолияти он; в) агар ягон узви хоҷагии деҳқонӣ ё ворисе боқӣ намонад, ки майли давом додани фаъолияти хоҷагӣ дошта бошад; г) истифодаи қитъаи замин ба тавре, ки боиси харобшавии замин мегардад; д) гирифтани қитъаи замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ; е) аз сабаби муфлисшавӣ; ё) ба шакли дигари ҳуқуқӣ - ташкилӣ табдил додани хоҷагии деҳқонӣ.
Моддаи 32. Тартиби барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ Тартиби барҳамдиҳии хоҷагии деҳқониро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Муносибати заминистифодабарӣ баъд аз барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ мувофиқи қонунҳои амалкунанда муайян карда мешавад.
Дар сурати барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ амвол ва маблағҳои пулии он барои пардохти ҳаққи меҳнати шаҳрвандоне, ки аз рўи шартнома кор мекунанд, барои пардохт ба буҷет, баргардонидани кредити бонкӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо дигар кредиторон истифода бурда мешавад.
Амволи боқимонда ва маблағи аз фурўши он ба даст омада ҳамчун моликияти якҷоя боқӣ мемонад ё байни аъзои хоҷагии деҳқонӣ тақсим мешавад.
Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 306.
Тақсими молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) 1. Ҳангоми қатъ гаштани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) вобаста ба хориҷ шудани ҳама аъзоёни он бо асосҳои дигар молу мулки умумӣ бояд тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 300 ва 302 ҳамин Кодекс тақсим карда шавад.
2. Воситаҳои истеҳсолот, ки марбути хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) аст, ҳангоми аз хоҷагӣ хориҷ шудани яке аз узви он тақсим карда намешавад.

пешина
аз 164
навбатӣ