Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Шахсе, ки аз хоҷагӣ баромадааст, барои гирифтани ҷубронпулии баробар ба саҳми ў дар моликияти умумӣ ба ин молу мулк ҳуқуқ дорад.
3. Дар ҳолатҳои пешбини намудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар мутобиқи созишномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, саҳми аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар ҳуқуқи моликияти якҷояи молу мулки чунин хоҷагӣ баробар ҳисобида мешавад.
Моддаи 33. Ҳалли баҳсҳо оиди қатъ намудани фаъолият ва барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ Баҳсҳо оиди қатъ намудани фаъолият ва барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи суд тибқи тартиби муқарраргардида ҳал карда мешавад.
Баҳсҳо, ки аз муносибати вобаста бо замин пайдо мешаванд, аз тарафи Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо мутобиқи талаботи Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар сурати иҷро карда нашудани қарори Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, он кумита ҳақ дорад маводро ва баррасии мақомоти тафтишотӣ пешниҳод намояд.
Ҳамаи баҳсҳо оиди қатъ намудани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дар суди иқтисодӣ дида баромада мешавад.Ҳангоми қад гаштани хоҷагии деҳқонӣ амволи он барои ҳисоббаробаркунӣ азўи музди мҳнат, пардохти қарзҳо ба буджаи давлатӣ, бонкҳо ва дигар қарздиҳандагон истифода бурда мешавад. Амвол ва маблағҳои боқимонда ҳамчун амволи боқимонда умумӣ боқи мемонад ё бо хоҳиши аъзоёни хоҷагӣ дар байнашон тақсим карда мешавад.
Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ оиди хоҷагии деҳқонӣ Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузориро оиди хоҷагии деҳқонӣ вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

БОБИ 3. АНДОЗ ВА АНДОЗБАНДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН
Мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагии
деҳқонӣ, ки фаъолияти иқтисодиро ба амал мебарорад,
андозсупоранда эътироф мешавад. Аз фаъолияти иқтисодиаш хоҷагии деҳқонӣ андозҳои бо Кодекси андоз пешбинӣ намударо бояд пардохт намояд.

пешина
аз 164
навбатӣ