Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз маблағе, ки аз ҳадди Маблағи андози сатри 5 ақали даромади 43 карата, ҷамъи 30фоиз аз ки аз он андоз гирифта маблағҳое, ки аз ҳадди намешавад ақали даромади 43 каратае, ки аз он андози даромад гирифта намешавад Ҳадди аққали андозбандинашаванда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Дар лаҳзаи нашри китоби мазкур вай 7 (ҳафт) сомониро ташкил медод.
Моддаи 123 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин имтиёзи тарҳкунии маблағи андозбандишавандаро додааст:
 Қаҳрамонони Иттифоқи Шуравӣ ,Қаҳрамонони Тоҷикисттон, шахсони бо ҳамаи се дарачаи ордени Шараф мукофотонидашуда, инчунин маъюбони давраи бачагӣ ва маъюбони гурўхи 1 ва 2;  Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онхо баробаркардашудаи дигар муҳорибаҳои ҳарбӣ оид ба ҳифзи ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисми ҳарби, штабҳои партизанӣ хизмат кардаанд, ҷанговарони интернатсионалист;  Шаҳрвандони ба бемории шўоъ (радиоактивное излучение) гирифтор гардида, ки дар натиҷаи дар объектҳои атомӣ ба амал омадааст; шахсони дар бартараф намудани оқибатҳои чунин садамаҳо дар ҳудуди минтақаи ҷудокунӣ иштирокнамуда; шахсоне, ки дар давраи бартараф намудани қкибатҳои садама дар корҳои истифодабарӣ ё дигар корҳо дар объектҳои атомӣ машғул буданд.
Шахсони мазкур аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ ҳар моҳ дар ҳаҷми панҷоҳкаратаи ҳадди аққали андозбандинашаванда озод мебошанд. Аз ин ру, шахсони дар боло номбаршуда аз мўзди меҳнат ва дигар гуна даромадҳо то ҳаҷми 350 сомони аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ пурра озоданд. Агар мўзди меҳнат ва дигар даромади онхо аз 350 сомони зиёдро ташкил кунад, пас онҳо аз маблағи аз 350 сомони зиёд андози мазкурро пардохт менамоянд.

пешина
аз 164
навбатӣ