Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Албатта маблаги 350 сомони ҳатман тарҳ карда мешавад.
Пардохтҳои иҷтимоӣ.
Пардохтҳои иҷтимоӣ пардохти ҳатмӣ ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади ба амал баровардани суғуртаи иҷтимоӣ аз тарафи супорандагони пардохтҳои суғурта мувофиқи меъёри муқаррарнамудаи Кодекси андоз аз маблағҳои музди меҳнат ё дигар манбаъҳои даромад пардохта мешаванд.
Хоҷагии деҳқонӣ, ки дар он муносибатҳои истеҳсолию хоҷагӣ дар асоси истифодаи қувваи кории кироя ба роҳ монда мешавад ўҳдадор аст пардохтҳои иҷтимоиро супорад.
Ба сифати объекти андозбанди музди меҳнати коргари кироя баромад мекунад. Аммо хусусияти ин намуди андоз дар он аст, ки кордиҳанда (хоҷагии деҳқонӣ) ўҳдадор аст, аз маблағи ҳамчун музди меҳнат ба коргараш медода бояд ин пардохтҳоро супорад.
Лекин он ҳеҷ гоҳ ба камшавии музди меҳнати коргар бояд наорад. Супорандаи ин пардохтҳо ҳам кордиҳанда ва ҳам коргар мебошанд. Кордиҳанда (хоҷагии деҳқонӣ) ҳамчун суғуртакунанда баромад карда, аз маблағи музди меҳнати коргар ба андозаи 25 % пардохти иҷтимоиро месупорад. Ин маблағ аз музди меҳнати коргар гирифта намешавад. Он аз ҳисоби даромади (фоидаи) худи хоҷагӣ пардохта мешавад. Коргар аз музди меҳнаташ 1% пардохти иҷтимоӣ месупорад.
Пардохтҳои иҷтимои дар як вақт бо андоз аз даромади шахсони воқеӣ супорида мешаванд.
Андоз аз фуруши чакана.
Хоҷагии деҳқонӣ дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолию хоҷагиаш маҳсулоти кишоварзиро парвариш менамояд ва метавонад онро худаш бевосита фурушад. Агар хоҷагии деҳқонӣ маҳсулоти парваришкардаашро бевосита худаш ба тариқи чакана фурушад, пас вай бояд андоз аз фуруши чаканаро пардохт намояд.
Андоз аз фуруши чакана андози маҳалли буда он аз ҷониби Маҷлиси намояндаҳои халқӣ ноҳия (шаҳр) муқаррар карда мешавад.
Мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри андоз аз фуруши чакана то 5 % муқаррар шуданаш мумкин аст.
Он аз нархи озоди (бозории) мол (маҳсулот) гирифта мешавад. Ба нархи озоди мол андози арзиши иловашуда ва аксиз (агар моли зераксизи бошад) дохил карда мешавад.

пешина
аз 164
навбатӣ