Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мисол, мол (маҳсулот) дар бозор ё мағозаи чаканафуруши бо нархи 2 сомони фурухта шудааст. Дар ин ҳолат андозсупоранда бояд 10 дирам андоз аз фуруши чаканаро супорад.
Маҷлиси маҳаллии намояндагони халқии ноҳия (шаҳр) метавонад соҳибкорони алоҳида, корхонаҳои алоҳида ва моли (маҳсулоти) алоҳидаро аз пардохти ин намуди андоз озод намояд.
Андоз барои нигаҳдории нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш.
Ин намуди андоз ҳам андози маҳаллӣ буда, аз ҷониби Маҷлиси маҳаллии намояндагони халқии ноҳия (шаҳр) муқаррар карда мешавад. Меъёри андози мазкур то 2% буда метавонад. Он аз андозаи музди меҳнати ҳармоҳа ҳисоб карда мешавад. Онро коргар неву худи корхона аз ҳисоби худаш месупорад.

БОБИ 4. КРЕДИТ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД

Кредит – ин шакли мавҷудият ва ҳаракати капитали қарз аст.
Капитали қарз гуфта, капиталеро меноманд, ки вай дар шакли пули мавҷуд буда, ба тариқи қарз ба соҳибмоликон, бо шарти баргардонидани қарз ва фоизи қарз дода мешавад.
Капитали қарз дар намуди гирдгардиш ҳаракат карда, дар он танҳо ва танҳо як шакли иқтисодӣ иштирок мекунад. Фоизи қарз бошад – ин қисми фоидаи ба даст овардаи соҳибкор аст, ки ба кредитдеҳ ҳамчунин барои истифодаи капиталӣ қарз пардохт мегардад.
Кредит фукцияҳои зеринро ба иҷро мерасонад:
аз нав тақсимкунӣ (бо воситаи кредит ашьёҳои пулӣ ва молӣ дар шароити баргашти минбаъда байни ташкилоту соҳаҳо ва минтақаҳои кишвар аз нав тақсим карда мешавад); сарфаи хараҷоти муомилавӣ ва тезонидани муомилоти пулӣ, омехта шудани пулҳои нақд ба пулҳои кредитӣ (векселҳо, пули коғази, чекҳо) ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ; тезонидани ғункунӣ ва мутамарказонидани капитал, чунки, кредит яке аз факторҳои табдили ташкилотҳои хусусӣ ба ҷамъиятҳои акционерӣ ва коллективӣ мебошад; назорати иқтисодӣ ва ба танзим дарории иқтисодиёт бо воситаи ивази ҳаҷм ва амалиёти кредит, ба тафриқа даровардани миқдори фоиз, пешниҳоди грантҳо ва имтиёзҳо аз ҷониби Ҳукумат.

пешина
аз 164
навбатӣ