Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Агромаркетинг барои ходимони касбии бозор ба мисли коммивояжер, чаканафурўшон, кормандони реклама, муҳаққиқони маркетинг, мудирони истеҳсоли молҳои наву махсус ва ғайра яке аз фанҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Чӣ тавр тасвир намудани бозор, ба сегментҳо тақисм намудани он, баҳо додани эҳтиёҷот, талабот ва пешниҳодоти истемолкунандагон, чӣ гуна баровардани молҳои хусусияти истеъмолидошта ба ин бозор, чӣ тавр ба василаи нархҳо ба истеъмолкунандагон расонидани ғояи арзишнокӣ, чӣ гуна тарғиб намудану ба ҳаракат даровардани молҳо то ки истеъмолкунандагон онро фаҳманду хоҳиши харидорӣ намоянд ва донистани дигар масъалаҳо шарту зарур аст.
Ходими касбии бозор бояд ба маҷмўи донишу малакаҳо мусаллаҳ бошад.
Дар боби мазкур ҳадаф ва мақсадҳои маркетинг баён мегарданд, аз таҷрибаи агромаркетинг, мавод ва ҷадвалҳои лозима, рақамҳое, ки бартарии маркетингро ифода менамоянд, оварда мешавад.
Ба муносибатҳои бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои хоҷагии халқ аз мутахассисон ва роҳбарони муассисаву корхонаҳои КАС талаб менамоянд, ки онҳо аз асосҳои маркетинг, самтҳои ҳозиразамони менеҷменти ғарб, мувозинати савдои ширкатҳо, тамоюлоти тараққиёти хоҷагии дунё, қоидаҳои дурусти қарордоду гуфтушунид ва бастани шартномаҳо ва ғайра бохабар бошанд.
Ҷанбаҳои назариявии маркетинги аграрӣ Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистони имрўза дар заминаи бўҳрони амиқи тамоми самту соҳаи он, аз он ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ ба вуқўъ мепайвандад. Самаранокии паст ва мавҷуд намудани омилҳои фаъолияти корчалонӣ, номутаносибиҳои барҷастаи сохторӣ, захираҳои ба итмомрасидаи механизмҳои тақсимотӣ ин ҳама мероси боқимондаи системаи маъмуриву фармондеҳии гузашта ба ҳисоб меравад.
Методи системанокӣ ҳалли муаммоҳои муассисаҳо ба шумор рафта, маркетинги аграрӣ (минбаъд: агромаркетинг-муал.) ҳамаи зонаҳои ҳаракати мол, аз омўзиши эҳтиёҷот, пешгўии талабот, кор карда баромадани сиёсати пешниҳоди мол ва барномаи истеҳсолӣ сар карда, то ташкили хизматрасонии пас аз фурўшро дар бар мегирад.

пешина
аз 164
навбатӣ