Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар муассисаҳои ба тариқи самарабахш амалкунанда консепсияи маркетинг, фалсафа ва системаи он барин мафҳумҳо истифода бурда мешаванд. Дар ин маврид асосҳои принсипиалии маркетинг татбиқ мегарданд.
Дар тарҷума аз забони англисӣ «marcet» мафҳуми бозорро ифода менамояд. Истилоҳи маркетингро нисбат ба фаъолияти бозор истифода бурдан мумкин аст.
Маркетингро ҳамчун муносибати барномавию бомақсад дар идора намудани фаъолияти муассиса дар бозор тасаввур кардан мумкин аст. Ҳадафи идора кардани системаи маркетингӣ дар шароити истеҳсолоти бозоргонӣ ба даст овардани фоидаи зиёд ба шумор рафта, дастоварди асосии он бошад, дар заминаи омўзиши амиқ ва ба даст овардани мавқеи устувор дар бозор тибқи омўзиши аниқу ҳамаҷониба қобилияти талаботи харидорӣ ва талабот нисбат ба мол доштаи харидорон ва минбаъд қонеъ гардонидани онҳо, ки ҳамчун воситаи асосии (ва баъзан ягона) ба даст овардани фоида ба шумор меравад, ба ҳисоб меравад.
Тағиротҳои ба амал омодаистода, дар истеҳсолоти аграрӣ, савдо, илму техника, технологияи истеҳсолот дар якҷоягӣ бо афзоиш ёфтани миқёс ва мураккабии амалиётҳои тиҷоратӣ аз муассисаҳо талаб мекунад, ки консепсияҳои маркетингро ба сифати фаъолияти асосии хеш интихоб намоянд.
Дар нақша унсурҳои асосии механизмҳои татбиқи консепсияи маркетинг тасвир ёфтааст.

НАТИҶАИ
ХАРИДОРОН ФАЪОЛИЯТ А

М

МАЪЛУМОТ ДАР ҲАДАФҲОИ А
ХУСУСИ ТАЛАБОТ МУАССИСА

ïîòðåáíîñòÿõ Л

И

ҚОНЕЪ ГАРДОНИ-МУАЙЯН НАМУДАНИ Ё
ДАНИ ҚОБИЛИЯТИ ҲАДАФҲОИ БА ДАСТ

ТАЛАБОТИ ОВАРДА
ХАРИДОРОН Т

Нақша зерин нишон медиҳад, ки муассисаҳо консепсияи
маркетингро истифода бурда истода, самтҳои асосии корҳоро дар асоси талаботи қобилияти харидорони бозор, яъне аз донистан ва фаҳмиши манфиати талаботи харидорон муайян месозанд.

пешина
аз 164
навбатӣ