Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Ташкили фаъолияти муассисаҳо зери таъсири муқарраротӣ ҳадафҳои умумии он қарор дорад. Роҳбарони қисматҳои сохторӣ дар мавриди роҳбарӣ намудан ба қисматҳои худ ба василаи методҳое, ки на танҳо бо манфиат ва талаботи харидорон муносибанд, балки барои соҳибгаштани муассисаҳо ба ҳадафҳои худ мусоидат менамоянд, бояд аз мақсаду натоиҷи ниҳоии роҳбарони болоӣ бохабар бошанд.
Ҳамин тавр, консепсияи маркетинг дорое се махсусият мебошад:
рў овардан ба қобилияти харидории харидорон; тобеъ намудани манфиатҳои қисматҳо ба манфиат ва ҳадафҳои муассиса; муттаҳид сохтани самтҳои амалиёти ҳамаи хадамотҳои амалкунандаи муассиса дар атрофи манфиатҳои асосии он.
Аз гуфтаҳои боло бар меояд, ки навъи фаъолияти эҷодкоронаи бомақсад тибқи пешбинӣ, ба нақша гирифтан, ташкил ва идора намудани амали қонеъсозии талабот ба мол, ҳадамот дар соҳаи истеҳсолоти хоҷагии кишоварзӣ ва василаи мубодила асос меёбад.
Масъулиятҳои агромаркетинг бо масъулиятҳои хоҷагии кишоварзӣ муайян карда мешавад ва як қисмашон аз инҳо инҳо иборат мебошанд:
Якум - вобастагии натиҷаи иқтисодӣ аз шароитҳои табии.
Истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ба василаи асосӣ ва предмети истеҳсолот-замин, яъне сифат ва истифодаи интенсивии он алоқаманд буда, муайян карда мешавад; Дуюм - нақша ва моҳияти мол. Мутахассисон ва хадамоти маркетинг бо амволе, ки дори моҳияти аввалиндараҷа мебошанд сару кор доранд. Аз ин рў, онҳо бояд сари вақт ва дар ҳаҷми лозимаю навъҳои гуногуни мол, ҳамчунин бо назардошти синну сол, ҷинс, вазъи сиҳатии истеъмолкунандагон эҳтиёҷоти онҳоро қонеъ гардонанд; Сеюм - мувофиқат накардани давраи корӣ бо давраи истеҳсолот. Масалан, маҳсулоти растанипарвариро дар як сол 1-2 маротиба ба даст меоранд, вале давраи корӣ тамоми сол идома меёбад. Аз ин рў, мутахассисони маркетинг бояд диалектикаи талаботи истеъмолкунандагонро хуб дониста, тамоюли қонеъ гардондани он, вазъи бозор ва ғайраро ташхис карда тавонанд, зеро самарабахшии маркетинг аз ҳамин вобастаги дорад; Чорум - мавсимӣ будани истеҳсолот ва ба даст овардани маҳсулот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё