Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Кишоварзӣ
Аз аввал хонданҲар як ширкат ё хоҷагие, ки хоҳиши дар бозори иқтисодӣ саҳм гирифтанро дорад ва рақабатпазир мебошад, бояд консепсияҳои асосии зерини маркетингро ба инобат гирад:
- Консепсияи истеҳсолоти такмилёбанда бо он асос адотааст, ки истеъмолкунанда бартариро ба анволе бештар медиҳад, ки ба таври васеъ наҳн гаштааст ва аз руи нарх дастрас мебошад; 2. Консепсияи такмилдодани мол. Моҳияти ин консепсия аз он ибоарт аст, ки истеъмолкунанда бортариро бо моле медихад, ки дар сатҳи баланди сифат, ҳарди басандаи ситеҳсолӣ ва имкониятҳои нав қарор дорад; 3. Консепсияи васеъ намудани тақвияти тиҷорати. Асоси онро тасаввурот дар хуси он, ки истеъмолкунандагон моли истеҳсолкардаи он ширкатеро, ки дар бобати ҳаракати мол тадбирҳои махсусро амали намекунанд, харидорӣ нахоҳанд кард.
- Консепсияи маркетинги – дар назар дорад, ки расидани ширкат ба хадарҳои хеш аз муайян намудани эхтиёҷот ва дархостҳои бозорҳои мақсаднок, ҳамчунин аз самарабахиши қонеъ сохтани истеъмолкунандагон дар мукоиса бо ширкатҳои рақобаткунанда вобастагӣ дорад; 5. Консепсияи маркетинги ахлоқи (этика)-ро метавон ба чунин тарз ифода намуд: дар аввал ширкат эҳтиёҷот, дархост ва манфиати бозорҳои бомақсадро зоҳир месозад, сипас миҷозонро ба воситаи арзишҳои баланди истеъмолӣ, ки некўаҳволии онҳо ва ҷамъиятро дастгири менамоянд, таъмин мекунанд.
Сегменткунонии бозор – ин тақсим намудани бозор ба гуруҳҳои муайяну аниқи харидорон, ки барои ҳар яке аз онҳо метавонад молҳои алоҳида ва фаъолияти муайяни маркетингӣ талаб карда шавад.
Принсипҳои сегментикунонии бозор аз инҳо иборат аст: - Принсипи ҷуғрофӣ: вилоят, шаҳр, ноҳия.
- Принсипи демографӣ: сину сол, миқдори аҳли оила, шуғл, маълумот.
- Принсипҳои рафтор: ваҷҳи харидорӣ, сабабҳои суд, дараҷаи истифодабарӣ, муносибат ба мол.
- Принсипи психографӣ: синфияти чамъиятӣ, тарзи ҳаётбарӣ, типии шахсият.
Мол ва давраи ҳаётии мол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё