Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Ба сифати мол ҳамаи он чизе, ки метавонад эҳтиёҷот ё талаботро қонеъ созад ва бо мақсади ҷалбнамудани диққат , харидорӣ, истифодабарӣ ё истеъмол намудан ба бозор бароварда мешавад, мансуб дониста мешавад.
Воҳиди мол – яклухтии алоҳидае, ки нишондоди бузургӣ:
арзиш, намуди зоҳири ва дигар сифатҳоро тавсиф менамояд.
Масалан, маҳсулоти ширӣ мол ба ҳисоб рафта, банкаи ширқиём бо арзиши 2 сомонию 50 дирам – воҳиди молӣ.
Дар бозори аграрӣ – ҳамеша молҳои гуногуни нав пайдо мешавад. вале танҳо баъзе аз оно мувоффақият пайдо намуда ба истеҳсолкунандагони худ фоида меоранд. Қисмати бештари молҳои нав бошад, бо сабабҳои гуногун аз чониби харидорон эътироф намегарданд. Мавҷудияти давраҳои алоҳида дар ҳаёти гардиши мол ҳамеша таъйир додани стратегияи маркетингиро тақазо менамоянд.
Мол ва хадамотро ба ду гурухи калон, ки аз руи мансубияти типии муайяни истеъмоли ба амволи истеъмолашон васеъ ва амволи таъинотошон истеҳсолӣ ҷудо намудан мумкин аст. Ба амволи истеъмолашон васеъ молхое мнсубанд, ки барои истефодаи шахсӣ харидорӣ мешаванд. Ин гуруҳи молҳоро маркетингшиносон вобаста аз одати харидории истеъмолкунандагон тавсиф менамоянд. Ба молҳои истеъмолашон васеъ молҳои талаботашон ҳамарўза, молҳои талаботашон махсус ва молҳои талаботашон сустҳаракаткунандаро мансуб медонанд. Молҳои таъиноташон истеҳсолӣ молхое мебошанд, ки бо мақсади коркарди минбаъда ё дар фаъолияти хоҷагидорӣ истифодашаванда харидорӣ мешаванд.
Даври ҳаётии молро ҳамчун ҷараёни инкишофи фуру шва ба даст овардани фоида муайян намудан мумкин аст, ки он аз чор давра иборат мебошад:
тадбиқёбӣ; инкишофёбӣ; ба авҷи инкишоф расидан (камолат); таназзул.
Тағйирёбии хаҷми фуруши бештари молҳоро ҳамгоми воридшавӣ ба бозор дар шакли каҷхата тасаввур намудан мумкин аст.
Дар мавриди бунёди (истеҳсоли) мол ба тавлидкунанда лозим аст, ки мақсадашро дар се сат тарҳрозӣ намояд: мол аз рўи ғоя (ният); мол дар иҷроиши воқеии он; мол бо мустаҳкамкунӣ.
Муқаррар намудани нарх ба мол Муқаррар намудани нарх ба амвол ин ҷараёне мебошад, ки аз 6 давра иборат мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё