Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Дар давраи якум муассиса боҷиддият ҳадаф ё мақсади агромаркетинги худро, ба мисли таъмини истодагарӣ, ба ҳадди муносиб расонидани даромади ҷорӣ, ишғол намудани пешсафӣ аз руи нишондодҳои ҳиссаи бозор ва сифати мол муайян месозад. Дар давраи дуюм вай худро ба талаботи каҷхата мебарорад, то ки дар хусуси амволи имконияташон дар бозор ба фурушраванда дар фосилаи муайяни вақт аз руин архи сатҳашон баробар тасаввурот дошта бошад. Дар давраи сеюм муассиса ҳисоб мекунад, ки суммаи хараҷоти он дар ҳолатҳои гуногуни истехсолот чӣ гуна тағйир меёбад, дар давраи чорум нархи рақобаткунандагонро барои истифодаи инҳо ба сифати мавқеъгирии нархи моли хеш муайян месозад. Дар давраи панҷум вай яке аз методҳоро барои ташаккули нархгузори интихоб менамояд. Дар давраи шашум бо назардошти дарки психологӣ ва тафтиши ҳатмӣ, ки он бо сиёсати Амалии нархгузорӣ мувофиқат мекунад ва аз ҷониби миёнаравон, ҳайати савдогарони худӣ, рақобаткунандагон, молтаҳвилкунандагон ва органҳои давлатӣ дар вазъи мусод дарк мешавад, ба мол нархи ниҳоӣ гузошта мешавад.
Моҳияти нарх аз инҳо иборат аст: 1) ифодаи пули арзиши мол; 2) категорияи иқтисодие, ки барои андозагирии бузургин ғайримустақими хараҷоте, ки барои истеҳсоли нав; 3) таносуби миқдории талабот ва таклидоти мутаххас.
Сиёсати нарх консепсияи стратегии давлат ва ширкатҳои алоҳида дар бобати тағйир ёфтани сатҳи нарх бо назардошти динамикаи таклифоту талабот ба ҳисоб меравад. Сиёсати нархгузории давлат тибқи иштироки заҳираҳои бучаи давлатӣ дар танзими иқтисодиёт асос меёбад. Дар шароити бозори инкишофёфта ва иқтисодиёти самарабахш сиёсати нархгузории ширкат стратегияи хароҷоти паст мегардад, ки комёбиҳои бартаридоштаро бо ҳароҷатҳои паст нисбати истеҳсолот ва фуруши маҳсулот алоқаманд месозад.
Пеш аз он ки ба методикаи нархгузори ё ташаккули нарх шинос шавем, дарк кардан лозим аст, ки сиёсати нархгузории фурўшанда аз типи бозор вобастагӣ дорад. Иқтисодшиносон чор типи бозорро ҷудо месозанд, ки ҳар яке аз онҳо дар соҳаи ташаккули нарх муаммоҳои худро пеш мегузоранд.
- Бозори рақобати тоза (содо) аз фурўшанда ва харидорони зиёди ягон навъи амволи ба ҳам монанд, ба мисли гандум, қанд ва гушт иборат мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё