Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дуюм, ахборе, ки ба воситаи реклама пахш мегардад на танҳо аз ҷониби сарпарастон пардохт карда мешавад, балки боз онро индентификатсия менамояд. Сеюм, дар пештари мавридхо реклама қушиш менамояд, ки харидорро ба ҷизе майл созад ё қаноатманд созад, гарчи дар баъзе мавридҳо вай танҳо мақсади шинос намудани истеъмолкунандаро бо мол ё хизматрасонӣ дорад.
Чорум ва панҷум ахбори рекламавӣ метавонад аз ҷониби якчанд навъи васоити ахбори оммавӣ бо мақсади ҳар бештар ҷалб намудани диққати харидорони боиқтидор пахш карда шавад. Хароҷоти пардохт барои ВАО-и шунавоию майдони нашраш васеъ дар матбуот ба микдори бешумори одамон, ки ин васоит дастрас, пахн мегардад. Масалан, маблағи 1,2 млн. доллар метавонад ҳамчун хароҷоти аз ҳад зиёд фавқулодда барои намоиши вақт бозӣ барои соҳиб гаштан ба Ҷоми Ҷомҳо ба назар намояд. Вале вақте, ки рекламадиҳанда ба ҳамин минвол аудиторияи зиёда аз 500 миллионаш одамонро соҳиб мегардад, хароҷотҳои на он қадар зёид ба назар мерасад.
Реклама мураккаб мебошад, зеро рекламадиҳандагони зиёди аз ҳам дарккунанда мехоҳанд дар як маврид ба аудиторияҳои гуногун муроҷиат намоянд. Нўҳ типи асосии реклама мавҷуд аст:
1.Намунаи бештари реламаҳоро рекламаи миллӣ ё истеъмоли миллӣ ташкил медиҳад, ки онро рекламаи онвои олии тиҷоратӣ низ меноманд. Диққати асосӣ дар ин рекламаба бунёди тимсол ва таъмини бардавоми шинохташавандаи анвои моли олӣ равона карда мешавад.
2.Рекламаи савдои оммавии чакана хусусияти маҳаллӣ дорад ва дар фурўшгоҳ ё муассисаи соҳаи хадамот нигаронида шудааст, ки он ҷо маҳсулоти бешумори гуногун ба савдо рафта ё хизматрасонии муайян пешниҳод карда мешавад.
3.Рекламаи хусусияти сиёсидошта, ки барои ҷалб намудани диққати одамон ва талқин намудани онҳо барои овоздиҳӣ ба манфиати касе равона карда мешавад.
4.Типи рекламае, ки дар маълумотномаҳо оварда мешавад.
Ба воситаи он одамон имконият пайдо мекунанд, ки маҳсулоти дилхоҳашонро аз куҷо ва ба чӣ тарзе, ки дастрас намоянд ё ҳадамоти заруриро чӣ гуна соҳиб гарданд.
5.Рекламаи ҷавобиро имкон дорад, ки дар ҳама гуна муҳит, аз ҷумла ба воситаи почта низ, истифода бурдан мумкин аст; он аз рекламаи анвои маҳсулоти аъло ва савдои амволи чакана бо он фарқ мекунад, ки хусусияти ҳавасмандсозии фурўши бевоситаро аз рўи фармоиш дорад.

пешина
аз 164
навбатӣ