Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
6.Рекламаи хизматӣ ё тиҷоратӣ ахбореро дар бар мегирад, ки ба фурўшандагони савдои чакана, амволи яклухт, ҳамчунин муассисаҳои харидор нигаронида шудааст.
7.Рекламаи институтсионалӣ, корпоративӣ низ номида мешавад. Ахбори он барои шинохти корпоратсияҳои ё барои ҷалб намудани диққати аҳли ҷамъият ба нуқтаи назари ташкилотҳои мутобиқ равона гардидааст.
8.Рекламаи иҷтимоӣ, ки ахбори тарғиботии ягон рўйдоди мусбиро дар бар мегирад, масалан рўй гардондан аз нўшокиҳои спиртӣ ҳангоми рондани автомобил ё муносибати хуб ба кўдакон.
9.Рекламаи интерактивӣ ба ашхосе, ки соҳиби компютер ҳастанд ва ба шабакаи интернет, дастрас доранд, хизмати фардӣ мерасонад.
Аз ҷумла, дар бештари мавридҳо рекламаи бонуфузро аз тарғиботи тиҷоратӣ фарқ намудан душворӣ дорад. Баъзе аз усулҳои ба таҳрикдарорӣ ва ҳавасмандсозии фурўшро ҳамчун унсурҳои васеи тавсифи мол, мустаҳкам сохтани он аз назар гузаронидан лозим аст. Савдои шахсӣ низ ҷиҳатҳои гуногун дорад. Аз як тараф ин яке аз навъҳои фурўш ба ҳисоб рафта, аз тарафи дигар унсури Самарабахши муқаррар сохтани алоқаи дутарафа бо харидорон мебошад.
Баъзе аз мутахассисон дастбандиро низ ба коммуникативӣ мансуб медонанд. Дар ҳақиқат нақши дастбандӣ ҳамчун “фурўшандаи безабон” меафзояд. Ин ба хусус дар шароити васеъ гаштани номгўи амвол ва паҳн гаштани хизматрасонӣ дар муассисаҳои савдои чакана чашмрас аст.
Дастбандӣ ҳангоми ахбор додан ва огоҳ сохтан нақши калон дорад. Навъҳои алоҳидаи онро пас аз истеъмол истифода мебарад.
Барномаҳои агромаркетингӣ кор карда баромадану истифода бурдани чунин стратегиҳои муассисаҳои КАС-ро тақозо менамояд, ки дар мавриди шароитҳои мушаххас ба сиёсати иқтисодии давлат ҷавобгўй буда, дар як маврид сохторҳои тиҷоратӣ бо самарабахши даромаднокӣ ҳавасмандсозӣ моддии меҳнат таъмин намояд.
Самарабахши хоҷагидорӣ дар муассисаҳои КАС, қисмҳои агробизнес, дар хоҷагиҳои фермерӣ, иҷоравӣ ва коллективҳои кооперативӣ ба дараҷаи муайян бо фаъолияти ратсионалӣ агромаркетинг муайян карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё