Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Бар зидди хобравии зироат таркиби ТУР ба миқдори 4-
5 кг/га дар 300 литр об истифода мешавад.
Обиёрӣ тадбирест, ки борои баланд гаштани ҳосил кафолат медиҳад. Дар заминҳои обёришаванда ҳосилнокии зироатҳои ғалладона ба миқдори 3-4 маротиба зиёд мегардад, вале миқдори сафеда дар таркиби гандум ва ранги булўрии он фоизан паст меравад. Миқдори равғани аминокислота тағйир намеёбад. Дар киштзори зироатҳои навъи кўтоҳпоя дар 300-600 м3/га 3-4 маротиба обёрӣ гузаронида мешавад. Обиёрӣ дар давраи шоху навдабарорӣ, хўшабандӣ, гулкунӣ ва ширагирии дон гузаронида мешавад.
Зироатҳои ғалладонаро дар заминҳои лалмии ҷумҳурӣ дар мавриди пурра ва қисман таъмин будани онҳо бо оби борон (зиёда аз 500 мм боришгарӣ) кишт кардан лозим аст.
Ҳосилғундорӣ дар ҷумҳурӣ асосан дар охири моҳи май, дар мавриди нимдунбул будани дон бо мақсади кишти такрорӣ оғоз меёбад. Ҳосилғундориро дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин гузаронидан лозим аст, зеро дар мавриди 2 ҳафта дер намудан ба миқдори 10- 15% -и ҳосил талаф ёфта, булўрнокӣ, ранги зироат тағйир ёфта, захмхўрии тухмӣ то ба 30% афзоиш меёбад. Агар кишт қабатнок бошад (пасту баланд), ба тарзи алоҳида ғундоштани ҳосил ба мақсад мувофиқ аст. Киштзори зироатҳои якҷинсаро ба тарзи комбайнӣ меғундоранд. Барои ҳосилғундорӣ комбайнҳои СК-5, СКД-5 СК-6-ро истифода мебаранд.
Пас аз ҳосилғундорӣ ғалларо тоза намуда, то 14%-и намнокиаш хушк мекунанд ва барои истифодаи минбаъда барои нигоҳдорӣ мемонанд.
Пахтапарварӣ. Чи тавре, ки маълум аст, кишоварзи соҳаи ассосии мамлакат ба шумор рафта, 27%-и Маҷмуи Маҳсулоти Умумӣ - ММУ (Бонки Умумиҷаҳонӣ, 2003), ба ин соҳа мансуб буда, зиёда аз 60% қувваи кории мамлакат дар ин соҳа банд мебошад (Бонки Рушди Осиё, 2003).
Пахтапарварӣ соҳаи муҳими соҳаи кишоварзӣ башумор меравад. Дар шароити истеҳсолот навъҳои маҳиннах ва миёнанах парвариш карда мешванд. Ҳосилнокии пахта аз ғизонокии замин ва аз зироати пеш киштшаванда вобаста мебошад. Вақти хуби кишти пунбадона вобаста ба навъи вай ва ноҳияҳои кишт метавонад моҳи март то охири моҳи апрелро давом кунад. Дар як гектар 120кг тухмӣ сарф мегардад.

пешина
аз 164
навбатӣ