Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Навъҳои гуногуни шолӣ бо ранги сўк ва донашон фарқ мекунанд. Талабот ба шолӣ асосан аз давраи нашвии кўтоҳ, кўтоҳпоягӣ, сифати олии дон, шўрабардорӣ ва тезрасии он иборат мебошанд. Навъҳои шолӣ ВРОС-3716, УЗРОС-7-13, КАЗРОС-358, УЗРОС-59, ГОРИЗОНТ ва ғайра мебошанд.
Киштгардонии 10-майдона (3 сол юнучқа, 3 сол – шолӣ, 1 сол кишти якҷоя ва 3 сол шолӣ) истифода бурда мешавад.
Коркарди хок аз ҳамворсозии хок то шудгори рўйгардони онро дар бар гирифта, бо плуги ПН-4-35 то ба чуқурии 25 см гузаронида мешавад; дар баҳори барвақт он аз молакашӣ, коркарди чизелӣ ё чархмолакашӣ то ба чуқурии 14-15 см иборат мебошад. Натиҷаи дилхоҳро гузаронидани коркард ба василаи агрегатҳои махсуси СКС-3,6 ва СК-3,4 медиҳад.
Нуриандозӣ. Ба шолӣ 160-180 кг нуриҳои азотӣ, 60—90 кг фосфорӣ ва 20 тонна поруи маҳаллӣ меандозанд; 1кг N-2,5 кг шолӣ медиҳад. Аз нуриҳои азотӣ пошидани (NН4)2SO4 ба мақсад мувофиқ аст. Истифодаи хоки кўҳнаи офтобхўрдаи дар шакли кулўхпора монда, гили ҷўйбор ва кишти зироатҳои сидералӣ ба шолии нумўкунанда натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки ин тадбир 2-3 рўз пештар аз партофтани оби шолӣ ба анҷом расонда мешавад.
Омода намудани тухмӣ. Аз тоза кардани он аз сўк иборат мебошад. Муфид будани истифодаи родокони 3%, ки устувории шолиро дар муқобили касалиҳо баланд мебардорад, муқаррар карда шудааст. Тар кардани тухмӣ дар оби тоза, бо ҳарорати 25- 280С ва дар давоми 2 шабонарўз гузаронида мешавад. Дар ҷумҳурӣ ин давра ба даҳаи 3-ми моҳи апрел рост меояд. Дар водии Вахш ин тадбир 15 рўз пештар гузаронида мешавад. Кишти дер набояд дертар аз 15-20 июн гузаронида шавад. Дар ин маврид дер кардани кишт рушду нумўи сунъиро ба миён меорад, вале вай ҳосили дилхоҳ намедиҳад.
Тарзҳои кишт. Тарзи беҳтарини кишти шолӣ аз кишти қатории танг бо байниқатории 15 см ё кишти салибӣ (15x15 см) (8x10) ба ҳисоб рафта, меъёри кишт бошад, аз минтақаи парвариш, махсусиятҳои навъӣ, тарзҳои кишт сахт тағйир ёфта меистад ва аз 5-6 млн. тухмии нешзананда дар 1 га (180-200 кг/га)
–ро ташкил мекунад. Дар 1м2 250-300 растании шолӣ ба мақсад мувофиқ аст. Бояд қайд намуд, ки рушди лаборатории шолӣ нисбат ба шароити саҳро ба миқдори 25% зиёдтар буда, дар давраи нашв пажмурдашавии растаниҳо ба мушоҳида мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё