Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Барои кишти карам хоки мувофиқ, аз нуриҳои органикию минералии бойро интихоб мекунанд. Пешинакиштҳояш помидор, картошка, бодиринг, пиёз, зироатҳои лўбиёгию ғалладонагӣ ба ҳисоб мераванд. Гаштаю баргашта дар як ҷо кишт кардани карам маслиҳат дода намешаванд. Ҳангоми парвариши карами деррасу миёнарас, омодагиро аз коркарди асосии хок бо пошидани нуриҳои органикию фосфору калийдор оғоз мекунанд. Дар баҳорон ҳангоми зарурият шудгор гузаронида, сипас нуриҳои азотӣ меандозанд ва култиватсия мекунанд. Дар мавриди мавҷудияти кулўхпораҳои калон пеш аз кишт майдонро бо чархмола кор мекунанд. Карамро бо тарзи кўчат кардан парвариш мекунанд. Кўчати карами навъҳои тезрасу деррасро дар иншоотҳои гармшаванда, бештар дар гармхонаҳои плёнкагӣ ва кўчати навъҳои миёнаи деррасро дар кўчатҳонаҳои кушода парвариш мекунанд. Мўҳлатҳои кишт аз минтақаҳои иқлимии парвариш вобастагӣ доранд. Тирамоҳ ба чуқурии 8-10 см хокро муқашшар намуда, бо плуги пешплугдори ПН-5-35 ба чуқурии 25-
30 см шудгори барвақтӣ мегузаронанд. Дар хоки қабати шудгоршавандааш тунук бошад, чуқурии шудгор то ба поён расонда мешавад. Дар қитъаҳои сахт ифлосгашта пеш аз шинонидани кўчатҳои карами деррас ҳангоми култиватсияи пеш аз кишт гузаронидашаванда гербитсидҳои трефлан 1-2,5 кг ё нитрофор 2-4, доктал 8-12, дифениламид 5-6, рамрод 5-6,5 моддаи амалкунандаро дар 1 га меандозанд. Маҳлули гербитсидхои корӣ ба миқдори 500-600 л/га бо дорупошаки ПОУ пошида шуда, бо чархмолаи ЗБС-10 таги хок карда мешавад. Кўчатҳои навъи карамҳои барвақтиро дар давоми 65 ва миёнарасро дар давоми 45-50 рўз дар гармхонаҳою парвардахонаҳои плёнкагӣ, навъҳои деррасро бошад, дар давоми 45-50 рўз дар хоки кушод парвариш мекунанд. Қитъачаҳои барои парвариши кўчати карами навъи деррас муқарраршударо тирамоҳ омода сохта, 50–70 т/га поруи нимпўсида ва нуриҳои минералии Р60-100, К60-80 меандозанд.
Мўҳлати кишти кўчатҳо дар хоки кушода аз навъҳои тезрас ва шароитҳои экологии минтақа вобастагӣ дорад. Кўчатҳои навъҳои барвақтиро аз рўи нақшаи 70х25-30 см (48-57 ҳазор растанӣ дар 1 га), миёнарасро 70х35-40 см (35-40 ҳазор) ва деррасро –70х40-50 см (35-28 ҳазор) кишт мекунанд. Дар ноҳияҳои камбориш ва ҳавои хушк пас аз кишт кўчатҳои карамро бо усули қатрагӣ ва бо меъёри 250-300 м3/га обёрӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё