Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Нигоҳубини растаниҳо. Вобаста ба мўҳлати кишти кўчатҳо байни қаторхои навъи карами барвақтиро бо култиватори КПН- 4,2 бо агрегат дар трактори МТС – 80 нарм мекунанд. Ин амалро се маротиба такрор мекунанд. Бори аввал пас аз шинонидани кўчатҳо ба чуқурии 6-8 см, дуюм ва сеюмро ба чуқурии 10-12 см ва баъди обёрӣ то ба чуқурии 12-14 см. Пеш аз нармкунии якум дар он ҷойхое, ки растаниҳо начаспидаанд, кўчатҳои нав мешинонанд. Байниқаторҳои навъи миёнарасро то 3-4 маротиба, деррасро 4-5 маротиба бо каланд кардани растаниҳо то ба пайваст гаштанашон дар қаторҳо нарм мекунанд. Барои ташаккул ёфтани 1 тонна ҳосили карам 80-90 м3 об сарф мекунанд, бинобар ин карам ба обёрии зиёд эҳтиёҷ дорад. Ба карам дар давраи ғунчабандии шадид 1-3 маротиба ва дар давраи рушди каллакарамҳо 3-4 маротиба об медиҳанд, ки меъёри обёрӣ то ташаккул ёфтани каллакарамҳо 30 м3/га ва дар давраи рушд бошад, 400-450 м3/га–ро ташкил медиҳад.
Дар мавриди суст рушд намудани карам онро 2-3 маротиба бо нуриҳои минералӣ ғизои иловагӣ медиҳанд: бори аввал 10-12 рўз пас аз шинонидани кўчатҳо дар хок, вояи нурӣ ба миқдори N15,P20,K20, бори дуюм ҳангоми ташаккул ёфтани каллакарамҳо бо вояи N20P20K20 ё 4 т/га поруи шуррут, саргини мурғ 5-7 с/га, бори сеюм ҳангоми рушди шадиди каллакарамҳо.
Дар мубориза ба муқобили зараррасон ва бемориҳои карам моҳияти калонро бо ҳам тавъам намудани методхои агротехникӣ, кимиёӣ ва биологӣ нақши калон мебозанд. Усулҳои агротехникӣ аз кишт – заҳролудсозӣ ва коркарди термикии тухмиҳо пеш аз кишт иборат буда, дар мубориза бо бемориҳое аз қабили ҷоғар (кила), бактериози регдор ва луобдор, фомоз, пажмурдашавии фузариоз нақши калон мебозанд. Коркади термикӣ аз гарм кардани тухмиҳо дар давоми 20 дақиқа дар об бо ҳарорати 48- 500С ва якбора хунук намудан дар давоми 2-3 дақиқа дар оби хунук ва хушконидан иборат мебошад. Тухмиҳои карамро дар маҳлули ТМТД бо ҳисоби 8 г дар 1 кг тухмӣ заҳролуд месозанд.
Дар ҷумҳурӣ навъҳои дигари карам низ парвариш меёбанд, ба онҳо талабот зиёд аст.
Гулкарам. Ин растании яксолаест аз оилаи карамбаргон.
Вай сифатҳои баланди парҳезӣ ва тамънокиро соҳиб аст. Аз сафеда (2,2%), карбогидрадҳо (4,9%) бой буда, дар таркибаш намакҳои минералию витаминҳои зиёд доранд. Гулкарамро асосан барои ба даст овардани маҳсулоти барвақтӣ баҳорон дар гармхонаю парвардахонаҳо парвариш мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё