Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Тавре, ки қаблан зикр гардид, забони илмии миллӣ албатта бо истифодаи меъёрҳои умумии грамматикии забони адабии он бунёд мегардад, вале дар интихоби калимаву ибора, роҳҳои калимасозиву ҷумлабандӣ ҷиҳати тартибу танзим кардани матнҳои илмӣ тафовуте аз забони адабӣ низ дорад. Ба гуфти дигар, забони илмии миллӣ услуби баёни худро дорад.
Услуби бадеӣ, услуби назмӣ, услуби илмӣ, услуби коргузорӣ аз ҷумлаи услубҳои баён мебошанд.
Ба маънии ҳар гуна услуб, чунончи услуби илмӣ, истифодаи забони миллиро дар вазифаҳои махсус ва ё мақсадҳои вежа фаҳмидан мебояд.
Ба ибораи дигар, услуб (ё сабк) гуфта маҷмўе аз захираи воситаҳои забонии забони адабиро фаҳмидан мебояд, ки бо истифодаи онҳо асосҳои ин ё он соҳаи тахассусии инсон (илм, адабиёт, тибб, пешаварӣ, кишоварзӣ, истеҳсолот, ҳарб ва ғайра) баён ва сабт карда мешаванд.
Дар ин замина услуби илмиро ин тавр таъриф додан мумкин аст:
Услуби илмӣ як равиши хоси баён ва сабти афкори илмӣ бо истифода аз интихоби қолабҳои ифодаи фикр (тарзу воситаҳои калимасозӣ, шаклҳои калима, воситаҳои грамматикии алоқаи калимаву ҷумлаҳо, роҳҳои сохтани ибораву ҷумлаҳо ва ғайра) мебошад.

пешина
аз 67
навбатӣ