ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Технология
Аз аввал хонданУслуби илмӣ аз услуби бадеӣ бо аломатҳои зерин фарқ мекунад:
- дақиқ ва мўҷаз баёну сабт шудани афкори илмӣ; 2) якмаънӣ (яъне бо як калима) ифода шудани вожагони илмӣ (истилоҳот ва номгон) дар як соҳаи илм; 3) фориғ гардидани калимаҳо аз сермаъноӣ ва тобишҳои маъноӣ; 4) орӣ будани фикр ё сухани илмӣ аз маҷоз, киноя, муболиға ва умуман обуранги бадеӣ; 5) дар баён ва сабти афкори илмӣ истифода нашудани калимаҳои эҳсосӣ; 6) дар ҷумлаҳои хабарӣ танҳо ба шахси сеюм (хоҳ танҳо, хоҳ ҷамъ) нисбат дода шудани амалу ҳолат ва ғайра.
Услуби илмиро вобаста ба мақсади асар ва истеъдоди нависанда дар интихоби қолабҳои ифодаи фикр ба навъҳои зерин ҷудо мекунанд:
а) услуби комилан илмӣ услуби қатъан академии баён мебошад, ки ба воситаи он мақолаҳои илмӣ, рисолаҳои илмӣ, монографияҳо, маърўзаю гузоришҳои илмӣ ва монанди инҳо навишта мешаванд. Мисол:
Радиантҳо ва суръатҳои геосентрии назариявӣ Дар асоси меъёрҳои мавҷуда оид ба ҳудудгузорӣ байни мадорҳои хоси кометавӣ ва хоси астероидӣ (меъёри Уиппл, Ремеъёри Кресак ва собитаи Тиссеранд), аз 3143 астерокдҳои ба Замин наздикшаванда (АЗН) 181- адад ҷудо карда шудаанд, ки онҳо мувофиқи ҳар се меъёр аз рӯи мадорҳои кометамонанд ҳаракат мекунанд (Ҷадвали 1). Дар давоми ҳар як даври тағйирёбии аргументи перигелии мадор аз ин астероидҳо 143-тояш чоркарата ва 38-тояш ҳашткарата мадори Заминро бурида мегузаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё