Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Теродинамика ҳам ба монанди дигар фанҳо қонунҳои ба худ хос дорад, ки онҳо дар асоси таҷрибаҳои бисёрсолаи инсоният ба вуҷуд оварда шудаанд ва қонунҳои якум ва дуюми термодинамика ном гирифтаанд….
в) услуби илмии оммафаҳм услубест, ки бо он маълумот ва натиҷаҳои кашфиётҳои илмӣ ба мақсади оммафаҳм шуданашон осонгуфтор ва осонфаҳм баён карда мешаванд; дар ин маврид на таърифи илмии мафҳумҳои илмӣ, балки шарҳи онҳо оварда шуда, истилоҳҳои илмӣ баъзан бо чанд муодил навишта мешаванд; Мисол:
Сипари Замин
Тайи 3-4 соли охир дар матбуот оид ба масъалаи қабати озони само (атмосфера) ва эҳтимоли дар оянда кам шудани он изҳори ташвиш менамоянд. Олимони амрикоӣ ҳатто онро «масъалаи муҳими замон» арзёбӣ кардаанд. Олимони давлатҳои мутараққии ҷаҳонро чӣ водор сохт, ки нисбати ҳифзи қабати озон бонги изтироб зананд?
Барои аёнии масъала аз аҳамияти озон дар ҳаёти инсон чанд сухан бояд гуфт. Озон (О3) газ буда, дар атмосфера (фазо, само, ҳаво) дар баландии аз 15 то 80 км аз сатҳи Замин ҷойгир аст. Маҳз бо шарофати озон ҳаёт дар рўи Замин арзи ҳастӣ кард (бо баробари пайдоиши оксиген дар ҳавои Замин -тахминан 1.8 миллиард сол пеш) ва идома дорад. Зеро озон, аз як тараф қобилияти хуби фурўбарии нурҳои ултрабунафши Офтобро дорад. Исбот шудааст, ки ин нурҳо ба саломатии инсон ва дигар мавҷудоти зиндаи Замин таъсири манфӣ доранд, ки натиҷаи он ба касалиҳои гуногун дучор шудани онҳост.

пешина
аз 67
навбатӣ