Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Масалан, таъсири ин нурҳо сабаби вайроншавии ҳуҷайраҳои зарурии бадан (организм)- и инсон, аз қабили туршоба (кислота)- ҳои РНК ва ДНК мегардад…..
г) услуби илмии иҷтимоӣ услубест, ки бо он нақши илм дар ҷомеа, осори иҷтимоии кашфиёти илмӣ ва монанди инҳо баён мешаванд. Мисол:
Картошкаи серҳосил
Олимони Пажўҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон картошкаи ба вирус устуворро руёниданд, ки онро чун тухмӣ чанд сол истифода бурдан мумкин аст. Имсол дар ноҳияи Ваҳдат (минтақаи Канаск) барои озмоиш ин навъи картошка парвариш карда шуд. Иқлими кўҳистон барои парвариши ин навъи картошка хеле мусоид омад, ки дар натиҷа аз ҳар як гектари замин 350-400 сентнер ҳосил гирифта шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба картошкаи муқаррарӣ 40-60% зиёдтар аст. Тахмин меравад, ки дар мавриди дар ин водӣ кишт намудани чунин картошка аз ҳар як гектар то 500 сентнер ҳосил ба даст овардан мумкин аст…..
Услуби илмиро вобаста ба соҳаҳои асосии илм ҳамчунин ба навъҳои зерин тақсим мекунанд: услуби илмии техникӣ; услуби илмии табиӣ; услуби илмии ҷамъиятӣ. Тақсимбандии минбаъда метавонад аз рўи зерзабон ё худ микрозабони шохаҳои алоҳидаи ҳар як соҳаи илм сурат бигирад, масалан:
дар услуби илмии техникӣ – микрозабони физика, микрозабони математика, микрозабони астрономия ва ғайра; дар услуби илмии табиӣ- микрозабони биология, микрозабони химия, микрозабони ботаника ва ғайра; дар услуби илмии ҷамъиятӣ - микрозабони иқтисод, микрозабони ҳуқуқ, микрозабони фалсафа ва ғайра.

пешина
аз 67
навбатӣ