Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Пеш аз исботи теорема дурустии леммаи зеринро нишон медиҳем, ки он ҳамчун нишонаи доимй будани функсия маълум аст.
Лемма. Агар дар фосилаи (а; в) хосилаи функсияи F(х) айниятан ба сифр баробар бошад, яъне F'(х) = 0 барои хар гуна х(а; в), он гох F(х) дар ин фосила доимй аст.
И с б о т. Нуктаи ихтиёрии х0- ро аз фосилаи (а; в) интихоб мекунем. Барои хар гуна х аз ин фосила, мувофики формулаи Лагранж, чунин нуктаи с -и ин фосила ёфт мешавад, ки:
F(х) - F(х0) - F'(с) (х -х0).
Вале мувофики шарт F'(с) = 0 аст, пас F(х) = Р(х0) барои ҳар гуна х(а; в). Яъне, функсияи F(х) дорои кимати доимй аст.
Лемма исбот шуд.
Исботи теорема. Бигузор функсияхои Ф(х) ва F(х) барои функсияи f(х) дар фосилаи (а; d) функсияхои ибтидой мебошанд, яъне барои хар гуна х(а; в): Ф'(х) = /(х) ва F'(х) = f(х). Пас
(Ф (х) - F(х) '= Ф'(х) - F\х) = f(х) - f(х) = 0.
Аз ин ҷо ва аз лемма бармеояд, ки фарки Ф(х)- F(х) функсияест, ки дар фосилаи (а; в) доимй мебошад. Ин қимати доимиро бо С ишорат карда хосил мекунем:
Ф(х) = F(х) + С (1), ки он дурустии тасдики теоремаро нишон медиҳад.

пешина
аз 67
навбатӣ