Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Дар адабиёти илмии таълимӣ вобаста ба услуби баён ва истеъдоди муаллиф таъриф мумкин аст бо шарти вайрон накардани мазмуни мафҳуми илмӣ бо шаклҳои гуногун ифода карда шавад, чунончи: Ботаника организмҳои растанигиро меомўзад; Ботаника илмест дар бораи организмҳои растанигӣ; Илм дар бораи организмҳои растанигӣ ботаника ном гирифтааст ва ғайра.
2. Исбот баррасӣ ва ё асоснок кардани ягон масъалаи илмӣ мебошад. Дар ин маврид факту рақамҳо, ҳодисаҳо ва муқаррароти дигари масъалаи гузошташуда ба ҳамдигар қиёс ва бо пайдарпайии мантиқӣ гурўҳбандӣ карда мешаванд ва дар ин асос хулосаҳои муайян бароварда мешаванд. Масалан:
Исботи теорема, лемма ва монанди инҳо:
Теорема. Агар функсияи F(х) яке аз функсияи ибтидой барои функсияи f(х) дар фосилаи (а; в) бошад, он гоҳ хар гуна функсияи ибтидоии функсияи f(х) дар ин фосила намуди F(х) + С -ро дорад, ки дар ин ҷо С доимии дилхоҳ аст.

пешина
аз 67
навбатӣ