Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Расми 1.

  1. Маълумоти таърихӣ: Маълумоти таърихӣ ба мақсади пурра намудани ин ё он мавзўи мушаххаси илмӣ аз таърихи инкишофи ин соҳаи илм оварда мешавад. Дар ин маврид услуби баён аз услуби баёни илмӣ фарқ карда, дар он тамоми имкониятҳои забони адабӣ истифода мешавад. Чунончи:
    Саҳми олимони асрҳои миёнаи тоҷик дар инкишофи илми химия Он давраи инкишофи химия, ки асрҳои VIII-XII-ро дар бар мегирад, барои мо аҳамияти махсус дорад, зеро дар он саҳми асосиро ниёгони мо гузоштаанд. Ин давраи таърихи химия бо якчанд хусусиятҳояш аз таърихи пешина фарқ мекунад. Пеш аз ҳама, аз ин давра китобҳои зиёде боқӣ мондаанд, ки онҳо имконият медиҳанд дар бораи сатҳи илми он замон, аз он ҷумла химия, маълумоти боэътимод дошта бошем. Бемуболиға гуфтан мумкин аст, ки дар ин давра унсурҳои асосии илми химия пайдо карда шуданд, ки минбаъд ҳангоми сохтани пойдевори илми химияи муосир аз он истифода бурда шуд. Пеш аз ҳама, ин давраро бо хусусиятҳои зеринаш тавсиф додан мумкин аст:
    1 .Таърифи илми химия ва вазифаҳои он аниқ карда шуданд.
  2. Дар асоси ин илм таҷриба гузошта шуд ва ин боиси пайдо шудани озмоишгоҳҳои тадқиқотӣ гардид.
    3.Усулҳои гуногуни ҷудо намудани моддаҳо (булуркунонӣ, табхир, тақтир, полоиш ва ғайра) ва муайян кардани хосияти моддаҳо (зичии моддаҳо, гудозиш ва ғайра) кашф карда шуданд.
пешина
аз 67
навбатӣ